Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар сари дастархони пурнозу неъмат онҳо хело суҳбат намуданд. Ниҳоят ў наздикии роҳро баҳона карду азми хестан кард, вале фарзандони Муҳаммадмўсо дар гирдаш парвона шуданду ўро рафтан намонданд ва ҳаминаш беҳтар шуд. Агар мерафт шабро на дар хона, балки дар милиса рўз мекард. Шояд дар утоқи кории милиса ҳам не, балки дар худи ИВС, чунки дар гирди хонааш кормандони милиса дар камингоҳ нишаста, роҳи ўро мепоиданд. Акнун вай шахсе буд, ки ба ақидаи тафтишот дастонаш дар хун олуда…
Ҳоло бошад ў чун меҳмони хонадони азизтарин дўсташ Муҳаммадмўсо болои се қабат кўрпача ва милисаҳо дар камингоҳ назди хонаи ў интизори омаданаш.
... 49 …
Чунинашро подполковники милиса Самандари Сармад интизор набуд. Ҳайати кории аз вазорат омада, баробари вориди утоқи кории сардор шудан ба сари мақсад омаданд. Мақсади онҳо бошад як буд, санҷида баромадан ва ҳолати нигоҳдории яроқҳо ва яроқҳоро бо чашми хеш диданд. Пештар ҳам гурўҳҳои корӣ ба ШКД–и ноҳияи Сайёд меомаданд, вале чун имрўза яку якбора ба санҷиш даст намезаданд. Гурўҳҳи корӣ ҳатто таклифи Самандари Сармадро барои гирифтани як пиёла чой рад намуда, аз ҷой бархеста ба қисми навбатдории шуъба рафтанд.
Дар асоси талаботи сардори гурўҳ навбатдори шуъба лейтенанти милиса Акрамов китоби супоридани яроқҳо, китоби қабул ва супоридани навбатдорӣ ва китоби қайди ҳайати наряди ҳаррўзаро оварда, болои миз назди сардори гурўҳ, майори милиса Доробов гузошт. Дар китобҳо хатое ҳам набуд, ба ҷуз як автомате, ки субҳи рўзи 8–апрел сардори милиса Самандари Сармад гирифта, буду он ҳам дар граффаи махсуси китоб дар истифодабарӣ нишон дода мешуд, бояд боқимонда яроқҳо ҳама дар говсандуқи оҳанин, дар хонаи нигоҳдории яроқҳо мебуданд.
Ҳайати гурўҳ дар иштироки навбатдор Акрамов ва ёрдамчии ў Мирзоев тамоми яроқҳои ШКД–и ноҳияи Сайёдро дида, рақами онҳоро навишта гирифтанд. Аслан дар шуъбаи навбатдори ягон яроқ ё тир камомад набуд. Аз рўйи ведомостҳои мавҷуда 27–апрел панҷ корманди нав қабул карда шуда дар машқгоҳ чил дона тир паронида буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор