Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Аскари қаторӣ, аз дивизияи Борис Данилович…
–Шаталов, хато накунам, Муҳаммадмўсои Муҳаммаднабӣ.
– Худи худаш, шумо бошед Тўйчӣ Ҷалол. Оҳҳо, қариб тағир наёфтед– ку!
Ҳамхизматон ҳарду якдигарро сахт ба оғўш кашида, хело ҳам ҳамдигарро афшониданд. Ниҳоят ҳарду ба тарафи истгоҳ рафта, дар курсие нишастанд ва зиндагиномаи худ ба таври мухтасар варақгардон кардаанд. Муҳаммадмўсо чун фаҳмид, ки ҳамяроқаш худи ҳозир аз Деҳбаланд омадаасту зану фарзандонаш дар хона нестанд, ўро ба ҷону ҳолаш намонда ба хонаи худ бурд. Муҳаммадмўсо, ки дар синну сол аз Тўйчӣ калон буд, фарзандонаш ҳам қариб паррончак шуда буданд. Вай ду писар ва як духтар дошт, ки писараш дар моҳи августи соли 1991 чанд рўз пеш аз ҳодисаи ГК ЧП ба олами ҳастӣ омада буд ва бо гирифтани телеграммаи табрикӣ аз хона Муҳаммадмўсоро ҳамхизматонаш дар «Чайная» (чойхонаи хизматчиёни ҳарбӣ) хело нағз «шустанд». Ва ҳоло, ки Тўйчӣ нав пой бар остонаи хонаи ҳамхизматаш гузошт, ҳамон лаҳзаро ба ёд оварда гуфт, ки магар ин ҳамон ҷавоне нест, ки падараш ба муносибати таваллудаш дар армия ҳамхизматонро зиёфати калон дода буд?
– Худи худаш,– гуфт Муҳаммадмўсо собиқ ҳамхизматашро бо оила ва фарзандонаш шинос намуд.
Чун вориди хона гашт, дар девори меҳмонхонаи Маҳммадмўсо акси хешро ҳамроҳи соҳибхона дид. Аксе, ки соҳибхона онро калон карда буд. Ана, аз куҷо ўро шинохт Маҳаммадмўсо. Чунин акси хурдакак дар албоми ў низ ҳаст, вале Маҳаммадмўсо маҳз аз хамин акси хурд портрети калоне сохта онро ба меҳмонхонааш овехта. Оила ва фарзандони Маҳаммадмўсо ҳам номи ў ва аз куҷо буданашро медонистанд.
Ҳамсари Маҳаммадмўсо пурсид, ки дар Деҳбаланд хешу таборон чи ҳол доранд. Магар аз ин пазироии хубтаре мешавад? Аз ин бармеояд, ки Маҳаммадмўсо дар бораи ў ва хизмати якҷояашон дар дивизияи Шаталов ба аҳли хонадонаш доимо нақл менамудааст. Пас ин оила бе фикри ў набудаст. Ў бошад баръакс Маҳаммадмўсоро қариб, ки нашинохт. Аз рафтори худ шармаш омад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор