Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар давоми як моҳ галабон чандин бор бо ў рў ба рў шуд, вале ҳамеша канораҷўйӣ намуда, боре ҳам Абдуллоро ба ёд наовард. Нагуфт, ки он шаб чаро ўро ҷустуҷў дошт ва ўро ёфт ё на. Худам ҳам ба ин чиз аҳмият надодам то замоне, ки шумо рафиқ майор ҳамроҳи нозири минтақавии мо Давлатхўҷаи Маҳмад ба суроғи ман наомадед. Чун аз забони шумо аз воқеаи ба сари Абдуллои Самарқандӣ омада воқиф шудам, рўзи дигараш сари чашма нишаста омадани Қосими Асадро интизор шудам. Чун галабон омад дар бораи Абдулло аз ў пурсон шудам гуфтам, ки чаро дар он шаби тор ки соҳиби хуб саги хешро аз хайма намеронад ў ба ҷустуҷўйи Абдулло омада буд.
Қосим гуфт ки Абдулло мусофир буд ва хост фаҳмад, ки ў дар хаймаи ман ҳаст ё на. Умуман, сари масъалаи марди самарқандӣ хело баҳсу мунозира намудем, то замоне ки ў мақоли халқи «забон дар даҳон посбони сар аст»–ро ба ёд наовард…
– Ҳамин гапҳоро дар рў ба рўйи Қосими Асад гуфта метавонед?
– Албатта.
– Ин хел бошад як– ду рўз дар ҳамин шаҳр монед. Истед, ки рамаро ба ягон кас супорида будед?
– Ҳа. Ман муддати як ҳафта дар шаҳр меистам, чунки баъзе корҳоям ҳаст.
– Бисёр хуб. Акнун суроғаи ҷойи истатонро монда равед?
– Кўчаи Назаршоев 29 хонаи…
– Акнун нишондодатонро бо имзои хеш тасдиқ намоед.
Назрӣ Раҷаб ба ҷойҳои нишона монда имзо гузошта мунтазири супориши навбатии соҳиби утоқ гашт.
– Акнун равед, чун лозим шуд шуморо ҷеғ мезанам.
Чўпон Назрӣ Раҷаб чун аз дар баромад, Абдумаҷидов қоғазҳоро бори дигар аз назар гузаронида онҳоро ба ғаладони мизи кориаш гузошт. Акнун ўро як фикр ором намегузошт, чӣ тавр Қосими Асадро ба милиса ҷеғ заданд? Сараввал хост, ки ба ноҳияи Сайёд занг зада, аз Давлатхўҷаи Маҳмад хоҳиш намояд, ки галабонро ба ноҳияи Гулистон фиристад, вале ҳамоно аз райъаш гашт. Ў ҳамаи тарафҳои корро дар мизони ақл бар кашида ба хулосае омад, ки агар галабон заррае ба таври ростхата ва ё мустақиман ба куштори Абдуллои Хокироҳ шарик бошад, аз тафтишот пинҳон мешавад ба шарте, ки баъди суҳбат дар сари чашма бо чўпон Назрӣ Раҷаб аллакай пинҳон нашуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор