Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Субҳи рўзи 22 май ў Лола ва Зафарҷонро дар Деҳбаланд гузошта бо хешу ақрабо хайрухуш намуда, ба рўйи роҳ баромад ва баъди ду соати интизорӣ дар аввалин автомашинаи роҳгузар нишаста ба тарфи шаҳр ҳаракат кард.
Тамоми роҳ аз банди андешаҳо берун нашуд. Гоҳ ҳодисаи шаби 12 ба 13 апрел рухдода пеши назараш меомад, гоҳ таъқиду илтимосҳои галабон Қосим, ки ўро ҳамсараш марди шилқин гуфт ва гоҳ симои камнури он мўйсафеди қоқи дарози роғӣ. Тамоми роҳ қариб, ки хомўш буд ба ҷуз ҳолатҳое, ки ба суоли ронанда ҷавоб додан лозим меомад. Қарибиҳои намози шом дар истгоҳи ДОК аз автомашинаи роҳгузар, ки самти ҳаракаташ ба дигар тараф буд, фаромада, ба тарафи истгоҳ рафт…

… 43 …

Пурсиши шоҳид Назрӣ Раҷаб, ки аз рўйи далелҳои дар тафтишот буда, бори охирин рўзи 12 апрел соатхои 1440 дақиқа Абдуллои Хокироҳро дида буд, ниҳоят тўл кашид. Маҳз сабру тоқати Абдумаҷидов сабаб шуду милиса ба ёриву дастгирии Мюллер муҳтоҷ нашуд. Чўпон ҳам дар гирдоби тафтишот хело дастак зад ва чун фаҳмид, ки аз варта бе ҷурм берун омаданаш ба гумон аст ба тақдир тан дод…
Ҳар он чи ки буду шуд нақл кард. Нақл кард, ки он рўз Абдулло ҳамроҳи Қосими Асад аз сари гала омаданд. Галабон ба деҳа рафту ў ба хаймаи онҳо монд. Баъди тановули нисфирўзӣ вақте, ки рама аз қутан ба чаро хест Абдулло низ аз ҷой бархеста гуфт, ки ба деҳа меравад. Дар асл ў ба тарафи деҳа ҳаракат кард, вале вақте, ки рама ба тарафи дигари ёл тоб хурд ва Назрӣ Раҷаб барои баргардонидани сари рама ба ҳамон тараф рафт нохост чашмаш ба Абдулло бархурд, ки ба тарафи кўҳ ба самти хаймаи галабон ҳаракат дошт… Аз баски Абдулло вақтҳои охир ҳардамхаёл шуда буд Назрӣ Раҷаб ба хулосае омад, ки Абдулло аз деҳа дида, хаймаи галабонро бештар писандидааст ва ў сари рамаро баргардонида баргашт. Аз куҷое дар нисфи шаб Қосими Асад омад. Хайрият ў аспсавор буд, вагарна сагҳои чўпонӣ ўро ярадор мекарданд. Қосими Асад пурсид, ки Абдуллои Хокироҳ куҷо шуд ва чун ба суоли хеш ҷавоб гирифт, ҳамон хел аспсавор дар оғўши торикӣ аз назди хаймаи ў дур шуд.

пешина
аз 558
навбатӣ