Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў аслан орзуи духтур шудан дошт, вале дар чунин шароити душвор ҳеҷ боварӣ ҳам надошт, ки аз уҳдаи хондан мебаромада бошад. Ба ҳар ҳол як гўшаи дилаш ба он равшан буд, ки дар шаҳр ҷойи зист дорад ва маҳз ҳамин чиз ўро ба хондан водор месохт.
– Акнун бачам ман ҳам пой бар лаби гўр мондам, хоҳаронатро сарбон шав. Нашаваду номи авлодатонро ба замин занед,– илтиҷо кард кампири Зулайхо.
– Овози модар тарзе ба гўшаш расид, ки чандин сол пеш ў аз паси дар шунида буд. Он вақт Зулайхо падари Тўйчиро илтиҷо намуда буд, ки Сороро барои писараш хостгорӣ намояд.
Маҳз ҳамин ҳамдилии модари угайро дарк карда, он солҳо ў бори аввал Зулайхоро оча гуфт. Зулайхо ҳамон вақт ашки шодӣ рехт, ки ду паршикастааш Гулбарг ва Гулбаҳор пирмурод доранд ва дар ин шаби моҳи май, ки кайҳо моҳи нав ба ғуруб рафта буд, модар илтиҷойи хешро такрор кард, чунки боварӣ дошт, ки тамоми ситораҳои осмон, ки аз рўшноӣ ҷилло мекарданд шоҳиди суханонаш мегарданд.
– Оча то рўзе ҳастед мо ҳама ба сарбонии Шумо эҳтиёҷ дорем. То кунун касе гўштро аз нохун ҷудо накардааст. Ман низ бо Гулбаргу Гулбаҳор чун гўшту нохунам ва дар ин бора метавонед осуда бошед…
– Ман чӣ кор кунам, акаҷон?– пурсид Гулбаҳор.
– Ту чӣ кор мекардаӣ? – Ба имтиҳонҳо тайёрӣ бин. Баъди гирифтани номаи камол дар охирҳои моҳи июн ва ё аввалҳои моҳи июл худам омада туро ба шаҳр мебарам. Аз он ки худам нахондаам ҳазорон бор пушаймонам, вале шодам, ки аз авлоди Тоҷиддини Карим ҳам нафаре азми хондан намудааст…
Сари субҳ Тўйчӣ Ҷалол ҳамроҳи ронанда азми сафари шаҳр кард, вале кампири Зулайхо ин рафтори писарро напазируфта гуфт, ки шаҳр гурехта намеравад, ақаллан боз як рўз дар Деҳбаланд монад. Тўйчӣ ҳарчанд баҳонаи зиёд пеш овард, вале ягон баҳонаро модар напазируфт. Ў маҷбур шуд, ки ба ронанда рухсати рафтан диҳад ва худ дар Деҳбаланд монд ва на як рўз…
Тайи се рўзи дар зодгоҳ будан ў боми хонаи падарро таъмир кард. Сари оромгоҳи деҳа рафта, аз Қуръони Маҷид пораеро хонда дар ҳаққи гузаштагон дуо кард. Модарро базўр ба беморхонаи минтақавӣ бурда, аз ташхиси духтурон гузаронида, барояш доруҳои таъиннамудаи духтурро гирифта дар худи хона табобати ўро ба зиммаи ҳамшираи шафқат Робия, ки дар ҳамсоягии модараш зиндагӣ мекард, вогузошт…

пешина
аз 558
навбатӣ