Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ баъди пурсиши чўпон Назрӣ Раҷаб ба хулосае омад, ки тафтишот маҷрои муайяни хешро гирифтааст ва фатҳи марра ҳам дур нест. Рафту галабон Қосими Асад қотили Абдуллои Хокироҳ ҳам набошад, вале чун звенои мобайнӣ дар байни қотил ва мақтул боқӣ мемонад. Барои чунин хулосабарорӣ майори милиса Абдумаҷидов асос ҳам дошт ва онро ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷустуҷўйӣ ҳам тасдиқ мекарданд. Корро ба таъхир андохтан мумкин набуд. Абдумаҷидов хост дар ин бора бо сардори бахш майори милиса Наврўз Умар маслиҳат намояд, вале ба ёд овард, ки субҳи имрўз Наврўз Умар баҳри ширикат намудан дар семинар машварати сардорони бахшҳои кофтукови ҷиноятии шаҳру ноҳияҳо, ки дар бинои вазорат баргузор мегардад рафтааст. Ба назди муовини аввал, ки аслан бахши кофтукови ҷиноятиро сарварӣ мекард, рафтан имконият надошт, чунки баъди аз вазифа сабукдуш гаштани подполковник Фарҳод Азамат то имрўз курсии ў вакансия буд. Корҳои ҷустуҷўйӣ дар зинае қарор доштанд, ки дигар вақт интизор намешуд. Дар сурати ба Сафедорон гашта рафтани Назрӣ Раҷаб ва вохўрии ў бо галабон корҳо чи ранг мегирифтанд, касе намедонист ва Абдумаҷидов эҳсос менамуд, ки вохўрии чўпону галабон ба манфиати тафтишот анҷом нахоҳад ёфт. Аз ин рў, хоҳу нохоҳ ўро лозим буд, ки дуюмбора ақалан то деҳаи Сафедорони ноҳияи Сайёд равад. Барои ба Сафедорон рафтани ў бошад рухсати сардори раёсат ё рухсати сардори ШКД лозим буд. Ин даъфа ўро лозим буд ки сабабҳои сафари таъҷилии хешро бо нишон додани тарафҳои мусбӣ баъди рафтан ва тарафҳои манфӣ дар ҳолати нарафтанашро дар гузориши хаттӣ баён намуда, ба назди Воҳид Камол дарояд.
Суҳбат бо Назрӣ Раҷаб он чунон тўлонӣ буд, ки ҳатто соҳиби утоқ нафаҳмид, ки аллакай рўз аз нисф гузаштааст. Нав қоғазеро аз ғаладони мизи корӣ бароварда, болои мизи корӣ гузошта буд, ки навбатдор Вазиров занг зада, ўро ба тановули нисфирўзӣ даъват кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор