Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ташаббускор ки буд пас чаро ба ҳимояи суханаш нахест?
– Фаҳмид, ки лойи хушк дар девор намеистад.
– Ин обрўйи на танҳо Воҳид Камол, балки обрўйи ҳамаи милиса аст.
– Инаш рост. Чи хеле, ки гуфтаанд «Ростиро завол нест».
– Ба Сиддиқов занг занем чӣ? Шояд ў шефашро баҳри ба ҳабс гирифтани Назрӣ Раҷаб розӣ кунонида тавонад.
– Прокурор ба гумон аст, ки ба таваккал роҳ диҳад.
– Пас чӣ бояд кард?
– Як бори дигар аз суҳбати эшон гузаштанамон лозим меояд. Канӣ бинем боз аз куҷо мехонад? Агар ин кор бе мададу дастгирии Мюллер даст диҳад боз беҳтар.
– Чи илоҷ сабр бошад сабр мекунем.
– Дар бораи вай «Камаз» ягон чораҷўйӣ намудед?
– Ним соат пеш аз Ҳусейнов илтимос намудам, ки ҳамин тарафи масъаларо бинад. Охир ў ҳам шомили ҳамин гурўҳи тафтишотист.
– Бисёр хуб. Акнун аз ҳама самтҳо ба ҳуҷум гузаштан лозим.
– На ҳама ҳуҷум ба ғалаба меорад.
– Чиро дар назар доред?
– Таърих ҳуҷумҳоеро медонад, ки ҳуҷумкунандагон шармандавор шикаст хурданд. Барои ин ҳамаи таърихро варақ намезанем ва танҳо аз хуҷуми Наполеон ва Гитлер ба Россия ёдовар мешавем.
– Модоме ки чунин мешуморед, фикри хешро кор фаромед, дар ҳама ҳолат ҳам ҳисоб намоед, ки банда бо шумо ҳамақидаам. Акнун аз натиҷаи сафари хизматиатон ба номи сардори ШКД гузориши муфассал нависад. Дарвоқеъ, то пояи Бурхи Сармасти Валӣ рафтед?
– Огоҳи шуморо ба инобат гирифта, оромгоҳи Бурхи Сармасти Валиро зиёрат намудам.
– Ба фикрам ин беҳтарин корест, ки шумо дар ин сафар анҷом додаед. Маҳз ҳамин кор ҳамаи камбудиҳои дигарро рўйпўш мекунад.
Занги телефон садо доду Абдумаҷидов гўшакро бардошт.
– Ҳа ҳамин ҷо,– гуфт ў ва гўшакро ба тарафи Наврўз Умар дароз кард.

пешина
аз 558
навбатӣ