Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Кист?
– Намедонам.
– Наврўз Умар гўшакро гирифта, худро муаррифӣ кард…
– Ҳа, шинохтам рафиқ полковник.
– Ба корҳои хеш баҳо дода наметавонем.
– Хуб шудааст, то бегоҳ ҳуҷҷатҳоро мефиристам, гўён ў гўшакро ба ҷояш гузошта, сипас суханашро давом дода, ба зердасташ фаҳмонд, ки Абдуғаффор Салимович аз раёсати шаҳрӣ ҳисоботи хаттии бахши кофтукови ҷиноятиро аз рўйи ҷиноятҳои вазнин бо ҳама атрибутҳояш талаб кард.
– Талаб кард, талаб кард чӣ фарқ дорад.
– Ба шумо осон рафиқ майор, ҳеҷ гоҳ бо калонҳо сарукор надоштед.
– Калонҳо ҳам ба фикрам инсонанд ва бояд фаҳманд, ки кор бе камбудӣ намешавад.
– То мефаҳманд, ки ҷонатро ба лаб меоранд.
– Барои ҳамин ҳама чизро дар вақташ фиристодан лозим, бе ёдрас намуданд.
– Фикри шуморо ба инобат мегирам,– рафиқ майор гўён Наврўз Умар аз утоқи кории Абдумаҷидов берун шуд.
Абдумаҷидов хело интизор шуд, вале Ҳусейнов на омаду на занг зад. Ниҳоят ў қоғазҳоро аз болои мизи кориаш гирифта, ба ғаладон гузошту барои ҳавои тоза гирифтан берун баромад…
… 40 …
Вохўрӣ дар сари чашма галабонро ба андеша намудан водор кард. Ҳарчанд ў саводи қазоӣ ҳам надошт, вале аз кадом як
рафиқаш шунида буд, ки пинҳон намудани ҷиноят ҳам ҷавобгарӣ дорад. Галабон ба суханони ҳамон дўсташ, ки он вақтҳо
дар милиса кор мекард, он қадар бовар ҳам накард, чунки боварӣ дошт дўсташ мақоми касби хеш баланд бардоштанист,
вагарна гўшҳояш кар шуда бошанд, ки боре ҳам нашунида буд,
ки касеро барои он ки ҷиноятеро дидааст ва ё аз содиршавии он
хабар доштаасту дар ин бора ба милиса хабар надодааст, ба
ҷавобгари ҷиноятӣ кашида бошанд. Ба ҳар ҳол баъди вохўрии
дирўза дар сари чашма бо Назрӣ Раҷаб вуҷуди ўро як ҳолати
ногуворе пахш кард. Охир агар ҷинояткоронро ҳам дастгир
намоянд, албатта, онҳо ҳамаи асрорро рўйи об хоҳанд баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор