Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аслан ин корро ҷинояткорон метавонистанд дар соҳили Сароб ҳам анҷом диҳанд, вале аз чунин амал худдорӣ карданд– ку.
– Фикри худатон дар ин бора?
– Ба фикри ман Абдуллои Хокироҳ дар минтақаи Сайёд ба қатл расонида шудааст ва ҷисми беҷони ўро он шаб ва ё чанд рўз пас чунки инаш ҳам муҳим нест, ҷинояткорон ба минтақаи соҳили Сароб оварда, ба қавле ба хок супурдаанд. Бо кадом сабаб ўро ба қатл расонидаанд чизе гуфта наметавонам, вале ҳодиса бе сабабҳои аниқ рух надодааст.
– Гуфтаниед, ки ҷиноят аз беэҳтиётӣ содир нашудааст?
– Ба фикрам ҳамин хел аст. Агар рафту фардо мо тавонем, ки бо чўпон ба таври бояду шояд суҳбат намоем, аз эҳтимол дур нест, ки ба фатҳи марра наздиктар оем.
– Чаро наметавонистем бо кадом як чўпоне суҳбат кардан.
– Гап дар сари суҳбати одӣ намеравад.
– Набошад гап дар сари чист?
– Чўпонро ҳамчун гумонбар ба муддати ҳафтоду ду соат боздоштан лозим мешавад.
– Мюллер ба ин розӣ мешуда бошад.
– Ҷўраевро дар назар доред?
– Бале. Дар набудани шумо ў дар ҳақиқат Мюллер будани худро нишон дод.
– Чӣ хел?
– Дар маҷлиси се – чор рўз пеш гузашта шогирдаш Гурезовро дар як лаҳза фурухт. Ёд дошта бошед, дар филми бадеии «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» лаҳзае ҳаст, ки Мюллер барои ба фронти шарқӣ фиристодани писараш Ганс амр медиҳад ва ба ду каллабури хеш супориш медиҳад, ки аз Берлин набаромада Гансро ба қатл расонданд…
– Ҷўраев ба бегуноҳии Воҳид Камол бовар кард.
– Бовар кардан кам аст, ҳатто ба ҳимояаш ҳам хест.
– Чи ўро ба чунин қадам маҷбур карда бошад.
– Шикастхурии рўйрости раис.
– Раис ҳам дар маҷлис иштирок кард?
– Иштирок кард. Ба фикрам ҳамаи ҳамин санҷишҳоро ҳам ташаббусгузорашон Мустафоев буд.

пешина
аз 558
навбатӣ