Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Якеро ёфтем, пурсидем, вале муроде ҳосил нашуд, дигареро наёфтем.
– Набошад ҳамон чўпонро бо даъватнома ҷеғ мезадед?
– Ба дасти Назрӣ Раҷаб даъватнома додам, фардо субҳ бояд биёяд.
– Ба галабон чӣ?
– Барои галабонро даъват намудан, ҳанўз ягон асос нест.
Чўпон бошад ин гапи дигар, чунки ў охирин шахсест, ки Абдуллои Хокироҳро дидааст.
– Рафту чўпон?
– Не, ў барои ба ҷиноят даст задан асос надорад.
– Шояд ў ягон илоҷ намуда, ҳамон рўз то шаҳр омада бошад чӣ?
– Ин ғайри имкон аст, чунки аз ҳамон роҳ баъди соати 15 ҳамагӣ се автомашина гузаштааст. Аз рўйи нишондоди кормандони БДА аз ин ҳисоб ду автомашинааш сабукрав буда, ба қавле ҷойи сўзанро ҷо кардан надоштанд, одамро бошад…
– Пас чи тавр ҷисми беҷони ў дар соҳили дарёи Сароб, ки то Сайёд 80 - 90 километр аст пайдо шудааст.
– Аз рўйи хулосаи экспертизаи тиббӣ – судӣ Абдуллои Хокироҳ тахминан дар байни соатҳои 2130 2230 ба қатл расонида шудааст. Бо ҳама ҷамъу тарҳаш фарқият аз як то ду соат. Аз ин беш каму зиёд карданаш мумкин нест. Маҳз дар ҳамин мудат аз самти Сайёд ба тарафи шаҳр як автомашинаи «Камаз»
рақами давлатиаш 73–18 гузаштааст. То бунгоҳҳои давлатӣ автомобилии дар мавқеи Сайёд буда, автомашинаи мазкур ба қайд гирифта шудааст, аз бунгоҳи мазкур ба тарафи шаҳр бошад дар ягон дидбонгоҳи милиса автомашина на он рўз ва на ду– се рўз пас ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин бармеояд, ки дар дидбонгоҳҳо милитсионерон ё хуфта буданд ва ё аз рўйи хунукназарӣ автомашинаро ба қайд нагирифтанд.
– Рафту автомашина аз ягон бероҳа рафта бошад чӣ?
– Ин ҳеҷ мумкин нест, чунки ўро аз дарё гузаштан лозим меомад ва дар ҷойе, ки кўпрук воқеъ гардидааст аз ду сар бояд аз назди бунгоҳи милиса, ки дидбонгоҳи доимист гузарӣ.
– Аз рўйи харитаи кашидаат маълум, ки аз минтақаи Сайёд дарёи калон мегузарад, пас чӣ лозим ҷисми беҷонеро дар чунин масофаи калон ба минтақаи дигар оварданд. Оё беҳтар набуд, ки қотил баъди анҷоми кори хеш онро ба дарёи пуртуғён партоянду ҷони хеш аз чунин бори гарон халос намоянд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор