Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Наврўз Умар ваколатдори кофтукови ҷиноятиро то охир гўш карда, ниҳоят барои аниқтар намудани ҳолатҳои кор пурсид.
– Ба фикри шумо Абдуллои Хокироҳ ҳамон рўзи 12 апрел имконияти ба шаҳр омадан надошт.
– Ман аллакай гуфтам, ки ў соати 1440 дақиқа бо чўпон Назрӣ Раҷаб хайрухуш намуда, ба тарафи деҳаи Сафедорон рафтааст. Аз хаймаи чўпонӣ то деҳа ҳафт километр роҳ. Барои чунин масофаро паймудан як– якуним соат вақт лозим. Метавонем ин тарафи масъаларо ҳам ба инобат нагирем, чунки ин тарафаш муҳим ҳам нест, муҳимаш он аст, ки касе ўро дар роҳи ба деҳа омада ва умуман дар деҳа надидааст, ҳарчанд аксари мардум ўро мешинохтанд. Аз ин бар меояд, ки ў ба тарафи деҳа умуман нарафтааст.
– Рафту ба тарафи роҳи автомобилгард рафта бошад чӣ?
– Баҳс намекунам, вале ў мефаҳмид, ки роҳи автомобилгард низ аз паҳлуи деҳаи Сафедорон мегузарад, чӣ лозим буд, ки роҳи ростро монда, бо пайроҳаҳои печ дар печи кўҳӣ равад.
Не, ин ҳеҷ мумкин нест, ҳарчанд роҳ бо пайроҳаи кўҳӣ наздиктар аст, вале онро ниҳоят мушкилгузар гуфтанд.
– Модоме ки на ину на он тарафашро қабул надоред, пас ў ба куҷо рафтааст?
– Ў ба тарафи кўҳ рафтааст. Ба тарафе рафтааст, ки дар он ҷо хаймаи галабонҳо ҳаст. Галабон мисли чўпон ҳамеша дар хайма истоданаш зарурият надорад, вале аминам, ки агар Абдуллои Хокироҳ аз назди чўпон Назрӣ Раҷаб соқу саломат баромада бошад, ў аз ду сар ба назди галабон Қосими Асад рафтааст. Аз ҷойи хаймаи галабон ба рўйи роҳи калон баромадан осонтар аст, чунки ба тарафи роҳ пайроҳаи дурустаре дорад.
– Галабонро пурсидед?
– Не, ўро наёфтам, гуфтанд як– ду рўз пеш ба шаҳр рафтааст.
– Минтақа ба кадом ноҳия мансуб аст.
– Ба ноҳияи Сайёд.
– Бо сардори милисааш гапзанон накардӣ?
– Сардори милиса набуд. Муовинаш ба ёрии ман як лейтенанти ҷавонро, ки нозири минтақавӣ будааст, ҳамроҳ кард.
Ана, ҳамроҳи ҳамон Давлатхўҷаи Маҳмад ман ба суроғи чўпону галлабон рафтем.

пешина
аз 558
навбатӣ