Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ваколатдори кофтукови ҷиноятиро фақат як ҳолат ба ташвиш меандохт, ки чўпон Назрӣ Раҷаб ба ёд оварда натавонист, ки худи рўзи 12 апрел Абдуллои Хокироҳ аз кадом тараф ба хаймаи чўпонии ў омад ва чаро баъди ба тарафи деҳаи Сафедорон рафтанаш дар роҳ касе ўро надидааст, ҳол он ки ҳамон рўз аз рўйи маълумотномаи идораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ боду ҳаво нағз буда, борону барф ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин бармеояд, ки мардуми Сафедорон низ машғули кишту кор буданд ва ҳар нафареро ки агар аз тарафи хаймаи Назрӣ Раҷаб ба тарафи деҳа меомад, хоҳу нохоҳ медиданд, чунки мавзеи кишуткори мардуми деҳа дар ҳамон самтест, ки роҳ ба тарафи хаймаи чўпонӣ мебарад…
Ҳолати дигаре ки тафтишотро ба ташвиш меандохт он буд, ки Абдуллои Хокироҳ худи ҳамон рўз ҳеҷ имконияти ба шаҳр омадан надошт, ҳарчанд экспертизаи тиббӣ судӣ ду пойро дар як мўза гузошта исбот кардан мехост, ки Абдуллои Хокироҳ шаби 12 ба 13 апрел ба қатл расонида шудааст.
Абдумаҷидов сари харитаи сафарҳои Абдуллои Хокироҳ чунон саргарми андеша шуд, ки ҳатто чи тавр вориди утоқи кориаш андохта сардори бахш майори милиса Наврўз Умарро ҳам нафаҳмид.
– Ин чист? – ниҳоят гулў рўшан карда аз будани хеш хабар дод сардори бахш ба қоғази сафеди дар пеши Абдумаҷидов буда, ки сари он майна об мекарду дар он ба ҷуз аломатҳои геометрӣ дигар навиштаҷоте ба чашм намерасид, нигариста пурсид ў.
– Ин харитаи сафарҳои Абдуллои Хокироҳ дар давоми як ҳафтаи охири пеш аз маргаш,– гўён аз ҷой ба истиқболи сардори бахш хеста гуфт соҳиби утоқ.
– Харитаи сафарҳо гуфтед?
– Ҳа, харитаи сафарҳои Абдуллои Хокироҳ.
Наврўз Умар сари қоғази болои миз буда хам шуда, ба он хело зеҳн монд, вале чизеро пай набурда шарҳи онро аз худи харитасоз талаб кард.
Харитасозро ба ҷуз баёни шарҳи ҳоли Абдуллои Хокироҳ аз рўйи харита чорае намонда.

пешина
аз 558
навбатӣ