Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фардо дафъат мекунам бо як боварӣ гуфтааст депутат ва баъди ду рўз барои шаъни депутатро паст намуданаш аз боло санҷиши хизматӣ сар шудааст. Шояд ҷояш боз ба кадом тағодоре даркор будааст, ки дар раёсати шаҳрӣ ҳайати комиссияи аттестатсионӣ ду пойро дар як мўза андохтани шуда, ўро аз вазифа сабукдўш намудан хостанд. Дар ҳамин вақт яке аз аъзоёни ҳамин комиссия Воҳид Камол таклиф намудааст, ки ба Ҳусейнов каме ҳам бошад гузашт намоянд, чунки депутат ҳам пеш аз ҳама бояд инсон бошад ва қонун барои ҳама як аст.
Ҳусейнов бошад вазифаи хизматии хешро иҷро намудааст, чунки дар ин бора хабар гирифта будааст, вале комиссия ҳамин тарафи корро санҷида набаромада, ба тақдири ў хати батлон кашиданист.
– Ба фикри шумо ба ў кадом ҷазоро раво бинем, рафиқ капитан,– пурсидааст раиси комиссия .
– Ўро ба ман диҳед як моҳ боз вазифаи як нозири минтақавӣ дар мо вакансия аст.
Колаи бад ба соҳибаш насиб кунад,– гуфтагӣ барин Ҳусейновро ба вазифаи нозири минтақавии ноҳияи Гулистон гузарониданд. Тайи як моҳи охир Ҳусейнов ба коллективи нав нишон дод, ки ў дар милиса одами тасодуфӣ нест.
– Рафиқ майор, лейтенанти калони милиса Ҳусейнов бо амри шумо ҳозир шуд,– баробари вориди утоқи кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гаштан ба таври низомӣ гузориш дод нозири минтақавӣ.
– Пожалуйста пробейка мне вот этот номерок и чтобы!...
– Без глупостей так хотели сказать?
– Маро дуруст фаҳмед,– порчаи қоғазро ба дасти Ҳусейнов дода гуфт Абдумаҷидов.
Чун Ҳусейнов рухсат пурсида аз дар берун шуд,– Абдумаҷидов қоғази сафедро болои миз гузошта, дар болояш чунин сатрҳоро сабт кард. «Харитаи сафари Абдуллои Хокироҳ аз 6– ум то 12–уми апрел.
Абдумаҷидов харитаи сафари Абдуллои Хокироҳро болои қоғаз оварданӣ шуда, чун харитасоз вақти ҳаракати Абдуллои Хокироҳро бо хатҳои рост ва вақти исти ўро дар маҳаллаҳои аҳолинишин бо доирачаҳои хурд болои қоғаз овард ва такрор ба такрор ҳар як қадами ўро мавриди таҳлили аниқ қарор дод.
Умуман, самти ҳаракати Абдуллои Хокироҳ то худи субҳи рўзи 12 апрел қариб, ки якранг буда, ҳатто таҳлили аниқро ҳам талаб намекард.

пешина
аз 558
навбатӣ