Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– О тезтар биҷунб мардум худатро интизор шуда истанд,– овоз дод кампири Анор аз пеши автомашина.
– Лозим бошад интизор мешаванд паст наомада гуфт Гул Набӣ ва ҳамон хел дилу бедилон ба тарафи автомашина ҳаракат кард.
– Хайрият ҳамааш бахубӣ анҷомид ва боз чи хел аз он ки давлат бе фикри Холи Зард баринҳо нест, иншоолоҳ зиндагӣ рў ба беҳбудӣ овардааст ва акнун ҳар кӣ ҳосили киштаи хеш хоҳад гирифт.
«Аз қонун гап мезанӣ –ҳа. О, вақте ки вай бечораи мустамандро рўй роҳ ба қатл расонидӣ, чаро дар бораи қонуну қонуният фикр накардӣ? Ҳатто ҷисми беҷонашро ҳам бурда, дар дигар ҷо таги хок кардед! Нагузоштед, ки хешу ақрабояш ақаллан ўро тезтар пайдо намуда, аз рўйи урфу одати хеш ба хок супоранд. Имрўз, ки кор ба манфияти писари худат ҳал шуда истодааст, чи хел қонунро тез – тез ба ёд меорӣ. Ягон хизмати Шодӣ худатро аз ҷавобгарӣ раҳонида наметавонад. Он чи ки ў баҳри ободию гулгулшукуфоии диёр ҷони хеш қурбон кард, то абад дар дили мардум бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва умуман худат, ки дастонат олудаи хун ҳастанд, бояд аз рўйи кирдорат мувофиқи қонун ҷазо гирӣ» нидо омад аз қалбаш.
– Ана расидем,– гуфтани ронанда мўйсафедро аз байни андешаҳои бесару нугаш берун овард.
Мўйсафед чун дигар мусофирон ба ронанда ҳисобӣ карда, ба тарафи хонааш рафт. Дар роҳ толибилмони хурдсолро дид, ки ба тарафи мактаб мерафтанд. Онҳо ўро дида, бо лаҳни ширини кўдакона салом медоданд. Ҳарчанд ў симои ҷигарбандаш Шодиро дар ҳамин синну сол пеши назар овардан хост, натавонист. Мактаббачагони хурдсол бошад, аз паҳлуи ў гузашта, баҳри дониш андухтан ба тарафи мактаб ҳаракат доштанд. Аз суханони муфаттиш ҳамин қадарро фаҳмид, ки ҳар кӣ подоши амали хеш хоҳад гирифт.
– Ҳақиқат дер ё зуд рўйи об мебарояд бобо,– гуфт муфаттиш.
Иншоолоҳ,– сухани муфаттишро тасдиқ кард ў ва илова намуд, ки кош гуфти шумо шавад писарам дар он сурат об ба лаби ҷўй баробар хоҳад шуд ва мурем ҳам дигар аз дунё беармон меравем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор