Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маълум мешавад, ки қонуну қонуният будааст, модоме, ки аз худи марказ барои муайян кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи Холи Зард омадаанд. Тавелаи давлат дароз аст, онро сар медиҳад то чарида гардӣ, чун аз худ бирафтӣ боз онро чунон мекашад, ки хурдагиҳоят аз биниат берун оянд…
Ҳар он чи ки мўйсафед нисбат ба дастаи ғоратгари Холи Зард медонист нақл кард ва ҳатто бо дақиқаҳояш ба ёд овард, ки чи хел қосид омада, писари ягонаашро ба назди қумандон Холи Зард бурд ва чи хел рўзи дигараш дар пояи ағбаи Харгўшӣ ҷасади писарашу он қосид ва боз се нафари дигарро ёфтанд. Ҳар чанд мўйсафед дар бораи Икроми Қаландар чизе нагуфт, вале аз суханони муфаттиш ҳамин қадарро фаҳмид, ки Холи Зард ҳамаи гуноҳи хешро ба гардани Икроми Қаландар бор карданист. Муфаттиш Атоев тулии як ҳафта дар ноҳия буда, нисбат ба ҳаракатҳои ғайриқонунии Холи Зард ва атрофиёнаш мавод гирд овардааст. Ана, барои чи дирўз дар маъракаи оши худоии Гул Набӣ ягон нафар аз хешу ақрабои Икроми Қаландар набуд. Охирин шахсе, ки Атоев пурсид, ин Гул Набӣ буд ва дар нимаи дуюми рўз муфаттиш боз ба марказ мерафтааст. Муфаттиш пурсид, ки оё мўйсафед имконияти ба шаҳр омадан дорад, то ҳамин гуфтаҳои хешро ҳангоми гузаронидани амалиёти рўбарукунӣ ба гардани Холи Зард, ки ҳоло дар боздоштгоҳи тафтишотист, дайн намояд ва мўйсафед розигии хешро барои ба Душанбе рафтан баён кард. Гуфт агар баҳри мўйро аз хамир ҷудо кардан бошад, то Душанбе пиёда ҳам меравам. Ана, ҳамин хел гуфт Гул Набӣ…
Мўйсафед ба ёд овард, ки қариб ин субҳ сирри хеш бой диҳад. Баъди оши худоии дишаба дигар ўро коре ҳам намонда буд. Модоме, ки худи муфаттиш ҷеғ задаст, беҳуда ҷеғ назадагист аз дил гузаронд ў ва нав нияти дили хеш ба ҳамсар кушодан дошт, ки аз берун сигнали автомашинаи ҳамсоя баланд шуд. Дишаб баъди оши худоӣ ў фаҳмид, ки ҳамсоя фардо нияти ба марказ рафтан дорад ва хоҳиш кард, ки сари субҳ ўро низ то маркази ноҳия барад.
– Ба фикрам автомашинаи Маҳмадалӣ омад,– гўён кампир барои аниқ намудани сухани хеш берун баромад ва чун дуюмбора сигнал баланд шуд, мўйсафед ҳам дилу бедилон аз қафои кампираш аз хона берун шуд.

пешина
аз 558
навбатӣ