Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гуфтам– ку ҳамааш нағз мешавад,– мўйсафедро то берун гусел карда истода суханашро такрор кард Атоев.
– Хайрият омадӣ , – ўро дида гуфт ҳамсараш.
– Чӣ интизор набудӣ?
– Сари субҳ тарзе аз хона баромадӣ, ки гумон намудам якумра бо ин ҷову ҷалол хайрухуш намудӣ.
– Пир шудию аз ҳамин гапҳоят намондӣ занак, – акнун гўй, ки канӣ Суман.
– То ҳоло аз мактаб барнагаштааст.
– Дар деҳа чи гапу хабарҳои тоза?
– Ҳеҷ гап не, ҳама тинҷӣ, - гуфт зан ва ҳамсарро ба болои кат, ки дастархон густурда шуда буд, даъват кард.
Мўйсафед аз натиҷаи сафараш ба маркази ноҳия чунон ҳисобот дод, ки даҳони кампираш боз монд, ҳарчанд нақли ў боиси ашк рехтани кампираш гашт. Кампири Анор бо нуги остин ашки чашмонашро пок карда, дар ҳақи ҳамаи онҳое ки барои волояти қонун саҳм гузоштаанд, дуои нек кард.
– Ана ҳамин хел занак, мумкин, ки муфаттиш маро ба наздикӣ боз ба Душанбе даъват намояд.
– Барои ҳамин кор?
– Боз, барои чӣ мешуд. Ман мехоҳам ки аз забони худи қумандон Холи Зард (илоҳо номаш дар гўр равад) ҳақиқати ҳолро фаҳмам. Албатта, ман ўро мепурсам, бигўяд, ки Шодӣ ҷунро фурўхт ва чаро ўро ба қатл расониданд. Барои кадом гуноҳаш?
– Боварӣ дорӣ, ки ў ҳамаашро мегўяд.
– Мегўяд, мегўяд…
... 39 …

Абдумаҷидов расо соати ҳашт ба кор омад. Чун аз навбатдор фаҳмад, ки ҳамаи сардорони бахшҳо дар маҷлиси назди
Воҳид Камоланд, рост ба утоқи кориаш рафт ва ба мутоилаи
ҳуҷҷатҳои аз сафари хизматӣ овардааш пардохт. Ҳуҷҷатҳо
аслан нишондоди ҳамаи он шахсоне буданд, ки дар чорсуи
зиндагӣ боре ба Абдуллои Хокироҳ рў ба рў шуда. Умуман, дар
рафти пурсиши шоҳидон ба ў муяссар гашт, ки ҳаракати як
ҳафтаинаи Абдуллои Хокироҳро бо ҳама каму бешаш бо
дақиқаҳояш муайян намоянд. Бори охирин Абдуллои Хокироҳро рўзи 12 апрели соати 1410 дақиқа чўпон Назрӣ Раҷаб дидааст. Ў дар ҳамин вақт бо чўпон хайрухуш намуда, ба тарафи деҳа рафтааст, вале касе ўро на дар даромадгоҳи деҳа ва на дар худи деҳаи Сафедорон вонахўрдааст.

пешина
аз 558
навбатӣ