Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Бовар намо ҳамааш тасодуфан шуд, рости гап сару калобаамро гум кардам. Илтимос, ба дил нагир. Ҳар чи буду шуд гузашт.
– Кош ҳамааш гузашта бошад.
– Гузашт, гузашт бовар намо.
– Бовар кардам. Чунки чун ҳама занҳо ман низ худбоварам, вале метарсам.
– Аз чӣ метарсӣ?
– Аз он ки рўзе нашаваду ту маро дар нимароҳ партофта равӣ. Дар он сурат аз ду сар ман худкушӣ мекунам, чунки «тоқии сари ҳамагон будан намехоҳам».
– Наход гумон кунӣ ки ман…
– Ман ҳеҷ гумон ҳам накардаам, вале худат гуфтӣ– ку ҳастанд ҳолатҳое, ки аз донистанашон надонистанашон беҳтар.
Модоме ки худат аз касе қарздор набошӣ, дар ягон ҷо пой бар болои қонун нагузошта бошӣ, аз рўйи гуфти он марди шилқин дар ҳолати ҳалу фасл шудани корҳои дўсти ў баҳри озорат қадаме ба пеш нахоҳад гузошт, баҳри ман як муаммоянд. Муаммои сарбаста, муаммои бе сару нуг…
– Дилатро дур набар. Шерша ля фам17 намешавад.
– Хайр бин, нашаваду…
– Осуда бош гўён Тўйчӣ Ҷалол аз рухсораи ҳамсар бусае ситонид.
– Ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи хона механдад ва бўса низ корашро кард…
... 37 …
Майори милиса Абдумаҷидов соатҳои 20–и рўзи 17 май аз
сафари хизматӣ баргашт. Ба дерии вақт нигоҳ накарда, рост ба
милиса рафт. Ҳарчанд имконияти пурра дошт, ки аввал ба хона
равад, вале ў ҳамеша манфиати умумро аз манфиати шахсӣ боло медонист. Манфиати умум бошад ин фоизи кушодашавии
ҷиноятҳои ноайён содиршуда буд, ки метавонист обу рўй ва
нуфузи милисаро, ки ў низ як ҷузъи ҷудонашавандаи он аст,
боло бардорад. Ҳарчанд аз ин сафар ў бо дастовези аниқ наомада буд, вале бе дастовез ҳам набуд. Аз ин рў, мехост оид ба
ин сафар фикру андешаҳои хешро ба сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврўз Умар баён созад ва дар як вақт фикру андешаҳои сардорро дар ин бора бифаҳмад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор