Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд.
Ў ки дар милиса мўйи хеш сафед карда буд ва ҳамчунон аз хурдӣ аз ҳисоби милиса нон хўрда буд, ҷойи кори хешро чун маъбад мепиндошт. Ҳарчанд дар ин маъбад ашхоси то оринҷ ифлос ҳам роҳ ёфта буданд. Воқеаҳои чанд рўз пеш рухдода худ гувоҳи он буданд, на ҳама он нафароне, ки давлат муҳофизати ҳуқуқи шаҳрвандонашро ба зиммаашон гузоштааст, дар ҳимояи ҳуқуқу бехатарии шаҳрвандонанд. Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист рафтори ҳамкорони хешро, рафтори онҳоеро, ки бо ҷинояткорон ҳамақида гашта, онҳоро ба гуфтушунид даъват намуданд, то ки ҷиноятҳои содирнакардаро ба зиммаи худ гиранд… Магар ин ҳалли кор аст, модоме ки ҷинояткорони асосӣ дар озодӣ бошанд. Не, чунин рафторро ба ҷуз чашмбандӣ чизи дигар номидан нашояд…
Ҳарчанд дар милиса аз ҳисоби кормандони оперативӣ, ки ба ҳайати роҳбарикунанда шомил буданд касе набуд, вале дар рафти суҳбат бо ҳамкорон, ки шомили гурўҳи оперативӣ буданд ҳамин қадар фаҳмид, ки дар набуданаш бо сарварии сардори ситоди Вазорат полковники милиса Ғ.Аҳмадов дар ШКД ҳолати қабул ва санҷиши арзу шикояти шаҳрвандонро санҷида баромаданд, ки натиҷаи он ба таври мусбӣ ба манфиати милиса ҳал шудааст.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба утоқи кориаш баромада, аз он ҷо ба хонааш занг зад. Гўшакро худи Далер бардошта хабар дод, ки имрўз аз дарси хониш баҳои аъло гирифтааст.
Тезтар биё дадаҷон хоҳиш кард Далер ва гўшакро ба ҷояш гузошт. Абдумаҷидов ҳарчанд нияти бо Наталя Василевна гапзадан дошт, вале Далер шояд бо модар забон як карда гўшакро ба ҷояш гузошт, то падараш тезтар ба хона биёяд. Аз он ки ҳамсар занг назад маълум буд, ки ў низ бо ҷигарбандаш ҳамфикр аст.
Абдумаҷидов ҳуҷҷатҳои аз сафари хизматӣ овардаашро дар ғаладони мизи кориаш гузошта, аз ҷой бархеста чароғро хомўш намуда берун баромад…
Дарро ба рўяш худи Далер кушода, урра дадаҷонам омаданд,– гўён худро ба оғўши падар партофт.

пешина
аз 558
навбатӣ