Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Яхшибой бигузор бачаҳо аз қафои рама шаванд, худат бору бун ва хаймаро ба маркабҳо бор карда, дар мавзеи Булёни Поён барои бачаҳо хуроки шом тайёр намо!
– Шукри беҳад он Худои покро аз гиребонаш дошта, назди Худованд тавба намудааст, чўпони солхўрда ва ба тарафи мудири ферма муроҷиат намудааст: – Ризо12 чун ба Деҳбаланд расидӣ, як сари қадам ба хонаи мо рав. Ба сиёҳмардак13 амри маро бурда бигўй, ки ҳамон турпича14ро кушта ба мардум оши худоӣ диҳад ва бигўяд, ки рўзи 26 май Абдусаид зунук15 кушод…
– Чи фикр дорӣ?
– Ривоятҳои мардумро ба ёд овардам.
– Дар бораи бобои Абдусаид?
– Боз дар бораи кӣ мешуд?
– Офарин ба чунин бурдборӣ. Зери як бом зиста муддати ҳашт моҳ бо ҳамкорат гап назанӣ.
– Рафтори бобои Абдусаид боиси таҳсин нест, баръакс аз чунин рафтор тавба бояд кард.
– Чӣ хеле ки ҳоло худат тавба кардӣ,ҳа?
– Зиндагӣ бе камбудӣ намешавад ва ҳастанд ҳолатҳое, ки аз донистанашон, надонистанашон беҳтар аст.
– Барои ҳамин бо ҳамсарат даст ба гиребон шудӣ?
– Ҳа, ба ҳар ҳол худат ҳам бегуноҳ нестӣ.
– Медонам, вале ҳар чи гуфтам на баҳри он гуфтам, ки характери хеш ба ту нишон диҳам, балки баҳри мустаҳкамии оила гуфтам. Охир фикри маро ҳам накардӣ, ақаллан фикри Зафарҷонро… аз чӣ бошад, ки сухан дар гулуи зан дар монд ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зад.
– Хайр шуд, биё мон, ақаллан дар сари дастархон осуда нишинем.
Лола худро ба даст гирифта ба ошхона рафт ва лаҳзае пас чойники чой дар даст вориди хона шуд. Ў Зафарҷонро аз назди шавҳар бардошта хоҳиш кард, ки отаи ҷигарбандаш хурокашро ки нияти сардшавӣ дорад тезтар нушӣ ҷон намояд.
– Мебинам, ки хафа шудаӣ?
– Хафа шудам, ё не чи аҳмият дорад? Аздусар оби рехтаро ҷамъ карда намешавад. Гумон накунед, ки аз як шапот16 ман шикастам. Охир ман кўза ҳам нестам ки шиканам. Хайрият сухани носазо нагуфтӣ. Дар бораи он шапоти тасаллодиҳандаат метавонӣ фикр ҳам накунӣ, ба шарте ки нияти дуюмбора такрор намудани онро надошта бошӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор