Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ҳа, сағира ту чаро аз қафои рама нарафтӣ? Мўйсафедро (бобои Яхшӣ дар назар аст) фиристодӣ?– пурсид Абдусаид баробари ўро дидан дар ҳолате, ки ҳанўз аз асп нафаромада буд.
– Бобои Яхшӣ худаш аз қафои рама рафт ва аз ман хоҳиш кард, ки хаймаро бор карда ба ин ҷо биёям.
– Чӣ! Чӣ гуфтӣ?
– Гуфтам, ки бобои Яхшӣ вазифаи худро бо ман иваз кард.
Мисли оне, ки ҷараёни барқ одамро мезанад, аз шунидани ин сухан Абдусаид қариб аз асп сарозер омада буд ва ё шояд дар назари чўпони ҷавон ҳамин хел намуд. Ба ҳар ҳол Қурбон лаҷоми аспро дошт ва Абдусаид пойи аз рикоб гирифта бо мадади шогирд аз асп фаромад.
– Эй Яхшибой, Яхшибой то куҷо ту нофаҳм будаӣ. Банда раҳми худатро хўрда, кори осонро ба душат гузоштам, вале худат маро назди ин ду ҷавон шарманда кардӣ, ҳа. Рост гуфтаанд, ки Паёмбари мо некӣ карду бадӣ дид, пас аз мо бандаҳои осӣ чи гила. Модоме ки худат Яхшибой сухани маро шикастӣ, минбаъд ҳам сару калобаатро ёб,– ғунгоскунон ба тарафи хайма рафт сарчўпон.
– Баробари фарорасии шом рама ҳам омад. Дар рўшноии пеши гулхан, дар сари дастархони чўпонӣ Яхшӣ авзои беҷойи сарчўпонро дида сабаб пурсид, вале сарчўпон ба даҳон об гирифта буд…
Рўзҳо сипарӣ шуданд, вале сарчўпон хомўш буд. Яхшӣ гумон дошт, ки дар Торбулоқ вақте ки ҳама дар як иморат ҷо ба ҷо мешавем, аз ду сар Абдусаид муҳри хомўшӣ аз лаб хоҳад гирифт, вале ҳамаи ин фикру хаёлҳо ботил буданд. Ҳафтаҳо ва моҳҳо сипарӣ шуданд, тирамоҳу зимистон паси сар шуд, ду моҳи баҳори нозанин ҳам рафт, вале Абдусаид муҳри хомўшӣ аз лаб нагирифт, ки нагирифт…
Ниҳоят вақти бозгашти рама ба мавзеи чарогоҳи тобистона фаро расид. Дар яке аз рўзҳои охири моҳи май мудири ферма ба рамаи сарчўпон Абдусаид омада, барои ҳаракат намудани рама ба чарогоҳи тобистона амри роҳбарияти хоҷагиро расонид.
Сарчўпон дар ҳузури мудири ферма рамаро ҳисоб намуда, баҳри ба ҳаракат даромадани он амр намуд ва ба тарафи чўпони солхурда нигариста чунин гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор