Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд сари вохўрии бегоҳирўзӣ Тўйчӣ Ҷалол андеша намуд, ба хулосае омада натавонист ва хост, ки сирру асрори мактуби ниҳоиро ки дар ҷайбаш буду қалбашро месўзонд баҳри ҳамсар кушояд.
Дар ҳамин асно садои занги дар баланд шуд ва ҳамсар лаҳзае пас меҳмонеро ба хона даъват намуд. Тўйчӣ Ҷалол ба хотири меҳмон аз ҷой бархеста ҳамроҳи ҳамсар ўро ба хона таклиф намуд, вале он мард вақт надоштанашро баҳона карда, таклифи соҳибхонаҳоро бо сабабҳои узрнок рад намуда, яку якбора ба сари мақсад омад:
– Аз заводи хишти шаҳр баҳри бинои мактаби деҳа хишт гирифтем ва агар бурдани онҳоро ба зимма мегирифтед чой нўшидагӣ ҳисоб,– даст пеши бар гирифта гуфт меҳмон.
– Даҳ рўз боз дар хона набудам, шояд фардо,– баҳона пеш овард ронанда.
– Рости гап, мо аз завод сад ҳазор дона хишт гирифтагӣ ва агар шумо имрўз ақаллан панҷ ҳазори онро мебурдед, фардо дар рўзи ҷумъа мо деворро сар мекардем. Не, нагўед додар. То Ҳисори шодмон.
– Отаи Зафарҷон, о наход кас сухани меҳмонро дар ҳамин бегоҳи ҷумъа шиканад,– гуфт Лола ва Тўйчӣ барои бурдани хиштҳои марди корафтода розӣ шуд. Акнун ў имконият дошт, ки аз Ҳисор рост ба тарабхонаи Бону биравад ва сири дили хешро аз ҳамсар пинҳон дорад.
Автомашинаи «Камаз» соати 2025 дақиқа дар рўйи роҳи пеши тарабхонаи «Бону» қарор гирифт, вале ҳанўз ронанда имконияти аз кабина берун омадан наёфта, ҳуштаки огоҳкунандаи милитсионер, ки мисли замбурўғи баъди борон рўйи роҳ баромад, ўро маҷбур сохт, ки автомашинаро аз роҳ берун барад. Бо милиса бозӣ кардан мисли он аст, ки палангро аз думаш медорӣ, ки оқибаташро Худо медонад…
Ба ҷавони хеш нигоҳ накарда Тўйчӣ Ҷалол аз ҳамкасбони собиқаш дар ин ҷода дарси одобу бурдборӣ омўхта буд ва баробари ҳуштаки милитсионер баланд шудан автомашинаро ба роҳ даровард ва ба хотири ҳурмати ҳомии қонун сарашро ҷунбонида салом дод ва ба табассуми милитсионери ҷавон шарафёб гашт. Ҳар чи ҳам набошад акнун дар шаҳр қонун маҷрои хешро гирифта буд ва аз воқеаҳои моҳе пеш ҳангоми бозгашт аз ағбаи Харгўшӣ баргаштан дидааш нишоне ба чашм намерасид ва ин ҳам яке аз рукнҳои хуби шаҳрдорӣ ҳисоб мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор