Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў автомашинаро ба яке аз истгоҳҳои пулакии наздиктарин гузошта, ба тарафи тарабхона давид.
Дар пеши тарбхона бори дигар ба соати дастиаш нигарист.
Ақрабаки соат 2050 дақиқаро нишон медод. Сараввал дудила шуд, ки оё месазад баъди чунин дермони ба вохўрӣ рафтан, вале дар интиҳо ба хулосае омад, фарде, ки шантажро ягона воситаи рўзгузаронии хеш қарор додаст, ба ҳама гуна қурбонӣ тайёр аст…
Дар пеши майдончаи тарабхона ду– се автомашинаи сабукрав меистод. Азбаски аллакай шом фаро расида буд, дар дохили онҳо касе буд ё не Тўйчӣ Ҷалол надид ва ниҳоят пой бар остонаи тарабхона гузошт. Шведсар марди чорпаҳлуйи мўйлабдоре, ки либосаш аз либоси низомии генералҳо қариб фарқе надошт ва ё ҳамаи ин дар назараш ҳамин хел намуд дарро ба рўяш кушода, даст пеши бар гирифта, таъзим намуд ва ўро то пеши толори тарабхона, ки садои мусиқии гўшхароши хориҷӣ танинандоз буд, роҳбаладӣ намуд…
Аз рафтори шведсар ў шарм дошт. Ҷойи чунин мардон аслан кори ҷисмонӣ дар саҳрост на пеши дари кадом як тарабхонае нишаста таъзими дигарон намудан,– аз дил гузаронд ў. Ҳамагӣ ду моҳ пештар яке аз дўстони мактабиаш Нўшервони Ҳалим, ки корманди соҳаи фарҳанг аст аз сафари ҳунарӣ аз Ҷопон баргашт. Аз нақли ў ҳамин ҳолат ба хотираш монд, ки дар ҳама меҳмонхонаҳои Токио назди ҳар дари лифт, дар ҳар ошёна духтараки хизматгоре баҳри хайра мақдам гуфтани меҳмонон бе сухан бо таъзим омода аст. Дар мо бошад чунин як марди чорпаҳлу ки деворро бо мушт занад девор фурў меравад. Канӣ он намояндагони давлати Ҷопон, ки чунин ландаҳурҳоро бубинанд…
Дар рў ба рўйи дари даромадгоҳ оркестри созию овозӣ аз рўйи нота кадом як мусиқии гўшхароши хориҷиеро менавохт.
Ду ҷуфт дар зери садои ҳамин наво аз оламу одам бехабар рақс доштанд. Дар зал боз чор – панҷ ҷо одамон сари мизҳо нишаста, машғули хурокхўрию суҳбат буданд. Тўйчӣ Ҷалол ҳарчанд зеҳн монд, шахсеро ки ўро ба вохўрӣ даъват намудааст бубинад, натавонист, чунки сари ягон миз фарди танҳо набуд. Хизматгордухтараке ўро дар ин аъроф дида, наздаш ҳозир шуда аз рўйи қоидаи ғарбиён таъзим намуда, баҳри нишастанаш мизи холиеро назди тиреза нишон дод ва сипас талаби ўро шунидан хост.

пешина
аз 558
навбатӣ