Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Хас каму ҷаҳон пок гуфтанд. Ғами банда аз оқибати корро андеша накардан аст. Рафту агар мо ҷойи ҳодисаро тарк намекардем аз ду сар милиса омада ҳолатҳои корро санҷида мебаромад ва он автоматро дида ягон хулосаи даркорӣ мебаровард.
Аҷиб дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ рўзҳои мудҳишеро дидам ва боз дар ин низоъҳои дохилӣ низ аз «меҳрубониҳои»
Офаридгор бенасиб намонда, ҳамаро аз дил баровардам, чунки бо амри ҳақ тан додам, вале тайи як моҳ марги як роҳзан аз пеши назарам дур нашуд ки нашуд».
Чун ҳақу ҳамсоя ба хонаҳои хеш рафтанд, мўйсафед хост сири дили хеш ба кампираш кушояд, вале Суман ба хона давида хабар дод, ки очаам омад.
– Хабари маргат занак аллакай ба гўши духтарат ҳам расидааст,– гўён мўйсафед ҳамроҳи кампираш ба берун баромад.
Нигор модарро паҳлуи падар зиндаю саломат дида дуқат шуда, хоки зери пойи онҳоро ба дида молида, модарро оғўш гирифта, лаҷоми гирёро сар дод.
Мўйсафед офтобаро ба даст гирифта баҳри таҳорат рафт.
Шом фаро мерасид…
… 28 …
Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,
Мушкиле нест, ки осон нашавад.
Ҳамдигарнофаҳмӣ дар оила барои ҳар як фард чӣ мушкилиҳое пеш меорад. Дар дигар ҳолат мешуд Тўйчӣ Ҷалол албатта барои ба тарабхонаи «Бону» рафтан баҳонае меёфт, вале имрўз дар ҳамин бегоҳи ҷумъа дар ҳолате, ки сари субҳ бо ҳамсар гапаш напухт, ҳама гуна баҳона баҳри Лола болои сухта намакоб мешуд…
«Дар бегоҳи ҷумъа бандаро ба тарабхона даъват намудааст, гўё фардо ё пасфардо ин корро кардан мумкин набуд.
Намешуд, ки автомашинаро дар ягон дидбонгоҳи БДА маън намуда, савор шавад ва рози дили хеш бигўяд. Не, гуё намешудааст ва аз тарабхона дида ҷойи хубтаре интихоб карда натавонистааст. Шояд гумон дорад, ки ман ҳамроҳаш садто– садто мегирам ва ў шердил шуда лаҷоми суханро ба даст мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор