Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гуноҳи чӣ? Занак ба фикрам майнаат беҷо шудагӣ. Агар худат имрўз намемурдӣ, ман аллакай адаби он тирмизак Авази Ғоибро дода меомадам.
– Наход дар ҳамин сину сол, шарм накарда.
– Чаро шарм мекардам? О вай тирмизак муаллим ё…
– Фарқаш чӣ? Наход барои як гапи Суман шуда сабру тоқатро аз даст диҳӣ ва ба тарафи Суман нигариста гуфт: – Ҳа ҷувонамарг ба ҷуз гапфурўшӣ дигар корат нест магар?
Суман, ки аз рафтори имрўзаи хеш аллакай пушаймон шуда буд, ваъдаи қатъӣ дод, ки дигар ҳаргиз гапи мактабро ба хона нахоҳад овард. Ў аслан ба сабру таҳамули бибиаш қоил шуда буд. Хост ба бобояш бигўяд, ки марги бибӣ ин саҳнаи тайёркардаи худи онҳост, вале боз ҳамон суханони бобояшро «сад макр кунад шайтон, шогирди занон бошад» – ба ёд оварда, аз гуфтани сухани рост худдорӣ кард…
Саҳнаи марги кампири Анор дар як лаҳза дар Роғ паҳн шуд ва ҳақу ҳамсояҳо ба айёдати бемор омаданд. Мўйсафед он рўз ҳатто имконияти ба мактаб рафтан наёфт. Ниҳоят қаҳру ғазабаш паст шуд ва дигар суханони Авази Ғоибро ҳам ба гўшаи фаромўшӣ дод…
Мўйсафед ҳатто дигар дар бораи хабари аз мактаб овардаи набера ёдовар нашуд. Ҳамаи гапҳои набера чун афсонаи буду набуд ба гўшаи фаромушӣ рафтанд, вале…
Ҳодисаи шаби 12 ба 13 апрел дар роҳ рухдода ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд. Мегўянд, ки дарди одамро одам мебардорад, вале ин танҳо дар сухан аст. Мўйсафед дар ин бора ҳатто ба наздиконаш ҳам даҳон кушода наметавонист. Эй кош агар ҳамон ронанда як бор ёди Роғ мекард.
Вале ҳамаи ин ба ҷуз хаёл дигар чизе набуд. Ба гумон буд, ки вазъи ронанда аз ў беҳтар бошад. «Шояд ронандаро ҳам бинам нашиносамаш, охир аз байн қариб як моҳ гузашт ва кӣ медонад, ки тағири зоҳири хеш накарда бошад. Барои мард чӣ осон риш монданд. Рафту агар ронанда риш монда бошад чӣ?
Дар он сурат шинохтанаш ба гумон. Номаш он тараф истад, ҳатто рақами автомашинаашро ҳам аз ёд баровардам. Деҳашро ҳам бечора гуфта буд, вале бало пирӣ…
Афсўс он сафар бо чунин ҳодиса анҷом ёфт ва дигар худро гум намудам. Кори хуб нашуд. Не, банда аз куштани роҳзан ғаме надорам, чунки ў баринҳо бояд марги худро дер ё зуд бубинанд.

пешина
аз 558
навбатӣ