Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хайрият, ки бобояш чашмак задании набераро надид, вагарна…
– Мурданро осон ҳисобидӣ ҳа? – ба тарафи ҳамсараш нигариста бепарвоёна гуфт мўйсафед.
– Бобоҷон, шумо чиҳо гуфта истодаед? – Наход чунин гапҳоро гўед?,– аз суханони бобо дар шигифт шуда гуфт Суман.
– Мурдан амри ҳақ аст, ҷони бобош ва новобаста аз майлу хоҳиши мо дер ё зуд аҷал аз гиребони ҳар яки мо мегирад.
– Об диҳед, – бо имою ишора гуфт кампир ва Суман ба тарафи ҷўйчаи оби даруни ҳота давид.
– Худо бигирад мурданота набераро тарсондӣ – ҳа, ғунгос зад мўйсафед ва боз чизе гуфтан мехост, вале шарфаи пойи Суманро шунида хомўш шуд.
– Бибиҷон об овардам,– гўён Суман бибиро такя гирифта, пиёлаи обдорро ба лабони бибӣ наздик бурд.
Кампир ду– се қулт об нўшида, пиёларо бо дасташ аз лабонаш дур кард ва Суман пиёларо рўйи фарш гузошта, пайкари дар такя будаи бибиро оҳиста болои болишт гузошт.
– Хайрият Суман омад вагарна, ки медонад… оҳ кашида гуфт кампир.
Гул Набӣ ҳеҷ нафаҳмид, ки нафаҳмид. Ў аслан гумон дошт, ки кампир мегўяд, хайрият Суман омад, вагарна ман паси дарвоза мемурдам. Не, кампир умуман ин суханро ба мақсаде гуфт, ки хайрият Суман омад вагарна мўйсафед дар мактаб қиёмате ба по мекард…
– Агар худатро каме беҳтар ҳис намоӣ, ман ба мактаб рафта меомадам,– гуфт мўйсафед.
– Ба мактаб куҷо меравӣ, пир шуда пой бар лаби гўр мондӣ мактабхониат чи лозим?– худро ба нодонӣ зада пурсид кампир.
– Ҳофиз овардем. О ки гуфт ки ман мактабхонӣ меравам, ё ақлат коста шудаст занак?
– О, ҳозир худат гуфтӣ– ку?
– О ,вай муаллим чӣ буд номаш…
– Кадом муаллим?
– Ҳамоне ки Суманро гапҳои носазо гуфтааст.
– Агар носазо гуфта бошад, шояд набераат ягон гуноҳ намудааст.

пешина
аз 558
навбатӣ