Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Гапат рост. Медонӣ ман худам туро хостам ва гумон накун, ки хостгорҳо бе рухсати камина пой бар остонаи дари хонаи шумо ниҳоданд.
– Маро интихоб кардию дигареро дўст доштӣ…
– Киро дўст доштам? Наход ту гумон дорӣ, ки…
– Он чи ки айён аст ҳоҷат ба баён нест.
– Хато мекунӣ Лола. Ин номаи дар дасти ман буда тамоман дигар аст.
– Чӣ хел дигар? Модоме онро аз ман, ки ба қавли худат нимаи дуюми туям пинҳон медорӣ?
– Ман намехоҳам, ки туро ба корҳое, ки боиси мушаввашии хотират мегарданд, шинос намоям.
– Маълум мешавад, ки то кунун худат ҳеҷ чизро дар зиндагӣ нафаҳмидаӣ.
– Масалан чиро?
– Ҳатто пас аз марги зан, вақте ки шавҳар зан мегирад, дар се бегоҳ болои хокдони зан об мерезанд. Оё медонӣ барои чӣ?
– Шояд ҳамин хел қоида бошад ва ё одат. Умуман, худам на шунидаам ва надидаам. Барои чӣ об мерехтанд?
– Барои он ки дили зан аз рашк пас аз марг ҳам нарм намешавад. Модоме ки пас аз марг зан чунин аст, пас ҳоли зани хеш бояд бифаҳмӣ.
– Дар дунё ҳастанд ҳодисаҳое, ки аз донистанашон надонистанашон беҳтар аст.
– Ман дигар баҳс намекунам. Гумон накун, ки ҳамсарат хонанишин асту ўро фиреб доданат осон. Агар каси дигарро зери чашм карда бошӣ, сараввал биандеш, ки оё ҳамин кор месазад ё на, чунки ту фарзанд дорӣ,– гўён Лола ба хонаи шафт гузашт.
– Бубин бо саводи мактаби миёна чӣ хел андешаҳо дорад, зани Шарқ. Рафту агар зани Шарқ Сорбон ва ё Оксфордро тамом кунад чӣ? Умуман зани Шарқро мисли худи Шарқ фаҳмидан душвор аст.
Ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи хона механдад, – мегўянд дар урфият. Дар муддати зиндагии кўтоҳи хеш бо Лола Тўйчӣ Ҷалол на як бору ду бор бо ҳамсар муноқиша карда буд ва андак пас боз онҳо оштӣ мешуданд, аз он чи ки ҳоло Лола хафа шуда, ба хонаи шафт гузашт Тўйчӣ Ҷалол хафа нашуд. Ин хафагӣ беҳ аз он аст, ки ў ба мазмуни мактуб, ки Худо медонад дар он чи навишта шудааст, шинос шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор