Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агар милиса ба муқобили ман ягона далел медошт, ҳаргиз даъватнома намефиристод, ҳамин хел яку якбора ду– се нафарашон омада, ба дастонам кишан зада маро мебурданд». Ў хост ки номаро ба киса андохта баъдтар дар танҳоӣ ва ё дар берун ба мазмуни он шинос шавад.
– Кушо онро, канӣ бинем чист? Ин чи номаи бе муҳру бе ном аст ё худат соҳибашро медонӣ?
– Не, аз куҷо донам?
– Пас чаро онро нокушода ба кисаат андохтӣ.
– Шояд аз милиса будагист, барои ҳамин.
– Чӣ ягон гуноҳ кардӣ?
– Ҳа, ҳамон рўзи рафтанам суръатро каме зиёд намудам.
– Дар куҷо?
– Чӣ хел дар куҷо? Дар роҳ.
– Чӣ магар дар ҷояш илоҷи ҳали воқеа набуд?
– Магар коре ҳаст, ки илоҷаш набошад? Аслан ҳамааш гуноҳи худам шуд. Ба ҷуз он ки қоидаи харакати роҳро вайрон кардам, боз каме тез шудам. Ин корам ба корманди милиса хуш наомад ва протокол тартиб дод…
– Медонӣ чӣ?
– Чӣ буд?
– Вақте ки ба хонаи мо хостгор фиристодед, падару модарам ҳатто розигии бандаро напурсида, ба хостгорҳо ҷавоби мусбӣ доданд. Ҳатто яке аз хостгорҳо дар ин бора эътироз намуда гуфтааст, ки ақаллан арўсшавандаро пурсед.
– Банда то имрўз дар ин бора хабардор набудам.
– Инаш муҳим нест.
– Чӣ хел муҳим нест?
– Розигии духтарро пурсидан муҳим нест, чунки Шарқ ҳамеша мардонро як зина боло мегузорад мисли оне ки америкоиҳо гумон доранд, ки Шарқ дар зери пойи онҳо ҳаракат дорад, ҳол он ки Шарқ Шарқ аст ва он мусиқии хешро дорад, мардони мо низ гумон доранд, ки зан ин канизи хона, ин ғуломи мард аст, бехабар аз он, ки зан ҳам одам аст ва дил дорад…
– Лола ту чиҳо гуфта истодаӣ? Ман ҳеҷ туро нафаҳмидам.
– Гуфтам– ку розигии духтарро пурсидан муҳим нест, вале ба фикрам дар Шарқ ҳам бояд розигии писарро пурсанд. Ҳамин хел не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор