Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Аз он ки рўзона хоб шуд, қариб тамоми шаб мижа таҳ накард. Ҳарчанд шабҳои баҳорӣ чун шабҳои зимистон дароз нестанд, вале хоб нашудан барои одам вазнин меафтад. Тамоми шаб фикру хаёлҳо думболгираш шуданд. Лаҳзае ғанабаш бурд, ки мўйсафеди роғиро ҳамроҳи роҳзан дар лаби чашмаи Деҳбаланд сари суҳбат дид. «Аҷаб ҳарду дўст шуданд. Ў ҳеҷ нафаҳмид, ки чаро мўйсафеду роҳзан маҳз лаби чашмаи Деҳбаландро ҷойи суҳбати хеш қарор доданд, ё ба суроғи ман омада бошанд. Не, агар ба суроғи ман меомаданд, албатта бандаро низ даъват менамуданд. Охир онҳо маро дида истодаанд– ку? Ё шояд маро нашинохтанд? Не, ин ҳеҷ мумкин нест, ки нашинохта бошанд. Модоме, ки шинохтанд, пас чаро ҷеғ намезананд?»
Дар ҳамин асно Зафарҷон гиря карду ў бедор шуд. Бедор шуду то субҳ мижа таҳ накард. Дигар на мўйсафед роғиро диду на роҳзанро. Фикрҳои мухталифе дар майнааш давр задан гирифтанд, ки яке аз аршу дигаре аз фарш буд. Бисёр кўшид, ки фикрҳои ботилро аз сараш дур андозад, вале баръакс аз як фикр фикри дигаре пайдо мешуд ва ў дигар имконияти муқовимат кардан наёфт…
Сари субҳ вақте ки Лола аз қуттии почта рўзномаи обунашудаашонро гирифт, аз қуттӣ мактубчаеро дарёфт, ки дар болояш ба «Каримов Т. лично» навишта шуда буд. Тайи солҳои охир номанависӣ ба гўшаи фаромўшӣ рафта буд ва аз он чи, ки дар болои конверт муҳри шуъбаи алоқа набуд, Лола ба хулосае омад, ки номанавис мактубро худаш оварда, ба қуттии почтаи онҳо партофтааст. Ў хост номаро кушода ба мазмунаш шинос шавад, вале ҳамоно аз райъаш гашта онро бурда ба дасти ҳамсараш дод.
Тўйчӣ номаро гирифта, лаҳзае чӣ кор карданашро надонист. Аслан ў гумон кард, ки милиса барояш даъватнома фиристодааст ва тунукии лифофа низ худ шоҳиди ҳамин чиз буд.
Сараввал хост, ки мактубро дар ҳузури ҳамсар накушояд.
«Охир агар ба милиса даъват намуда бошанд, шарт нест пеш аз пода чанг андохтан. Маълум, ки милисаҳо ба муқобили банда ягон далел надоранд. Ҳамин хел мепурсанд, ки оё ҳамон шаб ягон ҳодисаро дар роҳ вохўрдам ё не. Барои ин чӣ лозим Лоларо огоҳ кардан, мераваму ҳамаашро ҳал карда меоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор