Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло ҳам як гўшаи дилаш сиёҳ буд. Аз он ки дар набуданаш марди бегонае ба суроғаш омадаст ва ана боз ин номаи бемуҳру беном…
Пештар агар даҳҳо нафар ба суроғаш меомаданд, чашмаш намепарид, вале тайи як моҳи охир ў тамоман дигар шудааст.
Ҳатто баъзан сояи хешро дида гумон мекунад, ки касе аз қафояш омада истодааст.
«Ҳамаи беақлӣ аз худамон шуд. Мўйсафеди роғӣ гуфт, ки маро бурда ба милиса супор, ё худ милисаро ба ин ҷо даъват намо, вале ман худам ўро аз роҳ задам. Охир агар милиса ҳам меомаду автоматро медид, ягон хулоса мебаровард. Мо– ку қасди ҷони ў накарда будем. Ў худ ба истиқболи марги хеш омад.
Мўйсафеди пой бар лаби гўр монда, ки шаттаи чунин силоҳбадастонро хурда буд, аз тарси оне ки маро напаронад, бо калид ба сари роҳзан зад. Магар ҳамин чизро милисаҳо намефаҳмиданд? Не, ҳамаашро мефаҳмиданд ва аҷаб не, ки ба мо раҳмат ҳам мегуфтанд. Охир хас каму ҷаҳон пок гуфтанд ва роҳзан аз хасе беш набуд. Ба ҷойи он ки дар ин кор мо ба милиса ёрӣ диҳем, баръакс аз доираи қонун берун баромадем ва пой бар болои он гузоштем. Мо андеша накардем, ки рафту роҳзан бо супориши ягон кумандони беимони дигар барои талаю тороҷ намудани мардум ба роҳ баромадааст. Чун он кумандон дид, ки аскараш барнагашт аз ду сар ба ҷустуҷўяш мебарояд. Шояд ҷойи аниқи ҳуҷумашро ҳам донад. Чун дар он ҷо дурустар назар афканад, шояд хуни рехтаи аскараш ба чашм расад. Пас аз ин ў метавонад фаҳмад, ки шаби 12 ба 13 апрел аз он роҳ чанд автомашина гузаштааст ва ҳар яки он автомашинаҳоро ки боиси шубҳааш мегарданд, ба таври пинҳонӣ санҷида барояд.
Ва акнун навбат ба мо расид. Аҷаб нест, ки соҳиби нома низ ҳамон шахсест, ки се– чор бор ба суроғи банда омад. Эй Лола, магар ман метавонам туро бо чунин нома ҳамин хеш шинос намоям. Ҳарчанд ту ҷони манӣ ва ман бе ту худро ними одам тасаввур мекунам, вале ин асрорро бароят кушода наметавонам, чунки метарсам, мабодо ба нафратат гирифтор шавам ва ин чиз бароям гарон меафтад. Медонам, ки ту ҳоло дар чӣ вазъӣ, гумон дорӣ, ки ман дигареро ёфтам. Метавонӣ осуда бошӣ, ман аз азал чунин мардонро нағз намебинам. Ҳатто вақте ки пас аз марги модарам падарам зан гирифт, ўро ҳам нағз надидам. Модари ўгайро ҳам чашми дидан надоштам ва танҳою танҳо ба хотири ишқи Соро модари ўгайро оча гуфтам.

пешина
аз 558
навбатӣ