Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Акбар Ҳакимович аз бунгоҳи БДА рост ба идора омад. Дар даромадгоҳи бино ў муовини сардор Фарҳод Азаматро дида, даст ба чака бурда, ба таври низомӣ салом дод, вале Фарҳод Азамат ба саломаш ҳатто алек нагирифта, чун бод аз бино баромада ба автомашинаи шахсиаш нишаст…
– Ба ў чиӣ шуд?– пурсид аз навбатдори шуъба Абдумаҷидов.
– Намедонам, вале ба хаёлам ба пўстинаш кайк даромадагӣ. Чанд рўз боз ҷойи нишаст намеёбад. Имрўз бошад ўро боз ба вазорат даъват намуданд.
Мегўянд, ки салом қарзи парвардигор аст ва аз он чи ки Фарҳод Азамат ба салом ҳатто ҷавоб нагуфт,ба дурустии суханони навбатдори шуъба Холиқ Вазиров шубҳае намонда буд…
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ сараввал ба котиботи шуъба даромад ва дар қатори ду– се қоғази «қимматнок»–и дигар (ариза ва мактубҳо) ҷавоби хабарномаи хешро, ки аз ШКД–и ноҳияи Озодӣ омада буд, ба даст гирифта, ба он чашм дўхт…
Ниҳоят ў барои гирифтани ин қоғазҳои қимматнок ба китоби мадохили котибот имзо гузошта, ба утоқи кории хеш рафт…
Майори милиса ба курсӣ нишаста, бори дигар ба ҷавоби хабарномаи аз ноҳияи Озодӣ омада чашм духт.
Аз ҳама аҷибаш он буд, ки Амонуллои Султон сокини ноҳияи Озодӣ набуд. Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чаро кормандони ШКД–и ноҳияи Озодӣ ҷавоби хабарномаро дар асоси нишондоди сокини ноҳияи Дарбанд Амонуллои Султон тарҳ– резӣ намуданд. Ё худ магар дар ноҳияи Дарбанд ҳамин масъаларо ҳал карда намешуд? Ў ҷуздони ҷавоби хабарномаҳоро аз ғалладони мизи кориаш гирифта, аз байни онҳо ҷавоби хабарномаро аз ноҳияи Дарбанд ёфта, аз назар гузаронд. Дар хабарномаи номбурда омада буд, ки расми мақтулро дар ноҳияи Дарбанд касе нашинохт ва ана ҷавоб аз ШКД–и ноҳияи Озодӣ.
Акнун ёбу гир ба кӣ бовар намоем? Сокини як ноҳия матлаби хешро дар ШКД–и дигар ноҳия рафта баён намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор