Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Абдулло сухани маро бурида гуфт: – Медонам, ки давлат ба чунин кор ҳеҷ гоҳ даст намезанад, вале ҳастанд гурўҳҳои ба ин манфиатдор ва ман ҳатто чи хел ба доми онҳо афтиданамро надонистам.
– Дар бораи он тўморчаи аз бозубанди мақтул ёфта, ягон сухан мегуфтед?
– Тўморчаи нуқрагинро бо худ Дунё аз Самарқанд оварда буд ва онро чун ёдгорӣ аз худ дар ҳузури ман ҳангоми дар деҳаи Ҷури Поён буданамон ба бозўи дасти чапи Абдулло баста гуфт, ки дар ҳар куҷое бошӣ, номи апаатро дар бозўи хеш нигоҳ дорӣ…
– Чаро дар бозўи рост нею дар бозўи чап тўморчаро бастааст?
– Ман ҳам ҳамон вақт дар ин бора ба Дунё фикри хешро гуфтам, вале ў хандида гуфт, ки Амонулло, охир шумо мардон як умр мегўед, ҳатто исбот карданӣ мешавед, ки Офаридгор занро аз қабурғаи чапи мард ба дунё овардааст. Ба замми ин дил ҳам дар тарафи чап. Бигузор номи ман ба дили Абдулло наздиктар бошад. Ана ҳамин. Абдулло ҳатто нишонаи фарзанди падарро ба Мухтори Муъмин, ки бо ҳам хеле қарин шуда буданд нишон дода, суханони апаашро дар хусуси бозўи чап ва пайдоиши зан ба олами ҳастӣ нақл кард…
Қарибиҳои нисфирўзӣ Ҷамол Солеҳ ба ШКД омада, бе ягон истиҳола ҷавоби хабарномаро иншо намуда, баъди гирифтани имзои сардор онро ба котиботи шуъба супорид…
… 23 ...
Тайи се шабонарўзи охир майори милиса Абдумаҷидов чун
дигар кормандони ШКД–и ноҳияи Гулистон дар яке аз бунгоҳҳои БДА, ки назорати қисми шарқии роҳи шаҳриро ба дўш
дошт, адои хизмат намуд. Ҷангиев ва Сойи фироркарда шояд
умед доштанд, ки бо ин амали хеш як бенизомиеро дар милиса
ба вуҷуд меоранд, вале кор дар милисаи ноҳияи Гулистон бо як
мароми муайян идома дошт. Аз рўйи рўйхати дар ШКД тартибдодашуда, панҷоҳ дар сади ҳайати шахсӣ ҳар се рўз пас ба
ёрии кормандони бунгоҳҳои БДА мебаромаданд. Боқимонда
панҷоҳ фоизи дигари ҳайати шахсӣ аз рўйи режими пурзўр дар
шуъба кору фаъолият намуда, аз рўйи арзу шикояти шаҳрвандон кор мебурданд, гурўҳи фаврӣ – оперативӣ ба ҷойи ҳодисаҳои рухдода мерафт ва умуман ягон фазои беҳавогӣ ҳис карда намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор