Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дунёро номаи бародар ниҳоят дар шигифт афканда буд. Ин ҳолатро ман ниҳоят дер фаҳмидам. Дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта Дунё ба Тоҷикистон омад. Ҳарчанд саломатиаш хуб набуд, вале ба хотири дидори фарзанди падар ба сардии зимистон ва мушкилиҳои роҳ нигоҳ накарда ҳамроҳи ман ба ҷустуҷўйи Абдулло баромад. Тахминан баъди панҷ шабонарўзи ҷустуҷўй мо ўро дар деҳаи Ҷури Поён дарёфтем. Муддати се шабонарўз он ҷо мондем, вале ба Дунё муясар нашуд, ки бародарро барои ба ватан баргаштан розӣ кунонад.
Дунё бо дили ҳазин ҳамроҳи ман ба Душанбе баргашт.
Баъди бозгашт фишори хунаш ниҳоят баланд шуд ва мо ўро ба беморхонаи шаҳрӣ хобонидем. Баъди як ҳафта ў аз беморхона баромад ва азми ватани хеш намуд. Ҳангоми гусел дар саҳни вокзали роҳи оҳан ў гуфт, ки Амонулло, ба фикрам ман як умр Абдуллоро аз даст додам. Ман ўро бовар кунонидам, ки дар бозгашти Абдулло ба ватан кумак хоҳам кард.
Дар нимаи дуюми моҳи январ Абдулло ба хонаи мо омад.
Аз ташрифи ў ман ниҳоят хурсанд шудам. Дар дил андешидам, ки албатта ягон илоҷ намуда, ўро барои ба ватанаш баргаштан розӣ мекунонам, вале дар давоми ду моҳ ин кор ба ман даст надод. Ҳарчанд Абдулло худро қурбони дасисабозиҳои сиёсатбозон арзёбӣ намуда, ҳамин чизро баҳонаи барои ба ватан баргаштан натавонистанаш арзёбӣ мекард, вале ин танҳо як тарафи масъала буд. Тарафи дигари масъала ин барои банда муаммо буд, чунки Абдулло дар ин бора даҳон накушод. Баъди Иди Наврўз Абдулло бо аҳли оилаи мо хайрухуш намуда, ба айёдати ёру дўстони мусаллаҳаш рафт…
– Ба фикри шумо Абдулло ба ҷуз дар оппозитсияи ҳукумат будан боз чӣ гуноҳ дошт?
– Ба фикрам ў аз ҳукумат дида, аз дигар чиз метарсид. Шояд ў ҷинояти вазнине содир карда буд ва ё шомили гурўҳе буд, ки ҳар лаҳза метавонистанд қасди ҷони Дунё намоянд. Маҳз ҳамин чиз ўро аз бозгашт ба ватан роҳ мегирифт. Ў ҳатто боре ҳангоми суҳбат гуфт, ки акои Амонулло, ман аз ҷони худ, не балки аз ҷони апаам Дунё ва ду фарзандаш, ки онҳоро танҳо калон кардааст, метарсам. Ман ҳатто ба ў фаҳмондам, ки ҳеҷ гоҳ барои гуноҳи худат шуда…

пешина
аз 558
навбатӣ