Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў давлати советиро бар он гунаҳкор мекард, ки ду шаҳри қадимаи тоҷикон Самарқанду Бухороро ки сокинонаш пурра тоҷик буданд ва бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд дар зери таъсири пантуркизм, дар ҳайати Узбекистон монданд. Касе Абдуллоро дида ҳеҷ ба гўшаи хотир ҳам намеовард, ки ў дар Узбекистон зиндагӣ карда. Ў ҳеҷ гоҳ ба забони узбекӣ ҳарф намезад. Сухангўияш мисли мардуми водии Ҳисор буд…
Тахминан се сол пеш ман аз Дунё мактуб гирфтам. Ў дар мактубаш хоҳиш карда буд, ки дар ҷустуҷўйи бародараш Абдулло, ки тайи панҷ соли охир бе ному нишон гум шудааст кумак намоям. Дунё аз ҷумла дар мактубаш оварда буд, ки аз рўйи шунидаш Абдулло замоне дар дастаи мусаллаҳи Каромат ном сокини Намангон, дар ҳудуди Давлати Исломии Афғонистон будааст ва то ҷойе, ки ў хабар доштааст, дастаи Каромат дарёи Омуро убур карда, ҳамроҳи гурезагони тоҷик ба Тоҷикистон омадааст.
Ҷустуҷўйҳои дусолаи ман натиҷае надоданд. Баъдтар ман фаҳмидам, ки хабари расонидаи Дунё ки гўё гурўҳи мусаллаҳи Каромати намангонӣ дарёи Омуро убур карда, ба Тоҷикистон гузашта бошад асосе надоштааст, зеро дар ҳамин муддат дастаи мазкур дар музофоти Бағлони Афғонистон будааст. Соле пас инро ҳангоми суҳбат худи Абдулло низ тасдиқ кард.
Тобистони соли гузашта ба ман муяссар шуд, ки бо Абдулло дар яке аз деҳаҳои Вахёи Боло, ки дар қарибии мақбараи Бурхи Сармасти Валӣ воқеъ аст, вохўрам. Аз дастаи Каромат дар он маҳал ному нишоне намонда буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Абдуллоро ман ба назди апааш Дунё баргардонида натавонистам. Аз рўйи нақли мардуми ҳамон маҳал Абдулло хазиначии дастаи фироркардаи Каромат дар ҳамон маҳал будааст ва ў нахост он чи ки ҳамшаҳриҳояш амонат ба дўшаш гузошта буданд, бе назорат монда ба назди апаш, ба Самарканд баргардад. Шояд дар ин ҷо боз ягон сабаби дигар ҳам буд, вале ман инашро аниқ карда натавонистам. Он чи ки ман дар он вохўрӣ ба даст овардам, ин мактуби Абдулло ба номи Дунё буд. Ҳарчанд дар аввал Абдулло аз навиштани мактуб ҳам худдорӣ кард. Дар ҳамон лаҳза аз чи бошад ки ман мактуби ба забони франсавӣ навиштаи разведчики советӣ Юстасро (Штирлетсро) ба ёд овардам. Абдулло бо хатти форсӣ (арабӣ) ба апааш мактуб навишта ба дасти ман дод.

пешина
аз 558
навбатӣ