Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Бале. Онҳо ҳамин зимистон дар хонаи мо шинос шуданд, чунки ҳар гоҳ, ки Мухтор ба аёдати хоҳарашу ҷиянчаҳояш меомад, шаби дароз дар ҳамин меҳмонхона бо Абдулло баҳс мекард.
– Абдуллои Хокироҳ ба шумо ягон хешу таборӣ дорад?
– Хешу таборӣ– ку не, вале тайи бист соли охир мо бо оилаи онҳо шиносоӣ дорем.
– Чӣ хел шиносоӣ?
– Замоне ман ҳамроҳи апаи Абдулло Дунёи Хокироҳ дар шуъбаи молшиносии Институти савдои Самарқанд таҳсили илм менамудам.
– Бо Абдулло кай ва дар кадом ҳолат шинос шудед?
– Ин таърихи дуру дарозе дорад.
– Ҳар чи ҳам бошад барои рўшанӣ андохтан ба ин масъала бояд аз гузашта ёдовар шавед!
– Чи хеле қайд намудам, ман ҳамроҳи Дунёи Хокироҳ бист сол пеш шуъбаи молшиноси Донишкадаи савдои Самарқандро хатм намудам. Азбаски муддати чор соли таҳсили ману Дунё паси як миз менишастем, мисли бародару хоҳар ба ҳам қарин шудем. Ман ҳатто ду таътили зимистонаро дар хонаи Дунё гузаронидам. Падару модараш (рўҳашон шод бошад) ниҳоят одамони меҳрубон буданд. Онҳо ба ҷуз Дунё як писарбача ҳамин Абдуллоро доштанд, ки ҳамон соле мо донишкадаро хатм намудем, ў ба синфи шашум гузашта буд. Абдулло бар хилофи Дунё эркатулфори хонадон буд ва маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки баъди ду соли таҳсил дар Донишгоҳи Дўстии Халқҳо ўро барои ташфиқоти зидди советӣ аз ҳамин даргоҳи бонуфуз пеш намоянд. Ман аз нақли худи Абдулло фаҳмидам, ки баъди мустақилият гирифта, соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Узбекистон низ ў дар оппозитсияи ҳукумат будааст. Маҳз ҳамин чиз сабаб шудаву ў ва ў баринҳо зери фишори ҳукумат қарор гирифта, дар интиҳо маҷбур шуданд, ки аз худи Ҷумҳурии Узбекистон фирор намоянд. Фирори Абдуллоҳи Хокироҳ ба замоне рост омад, ки дар худи Тоҷикистон низ ҳамдигарфаҳмӣ аз байн рафта буд. Дар солҳои донишҷўйӣ ман аз забони худи волидайни Абдулло шунида будам, ки онҳо аслан тоҷик будаанд, вале дар зери фишори пантуркизм миллаташонро дар ҳуҷҷатҳо узбек навиштаанд. Маҳз ҳамин чиз шояд сабаб гардидаву Абдулло давлати советиро ки ҳангоми тақсимоти териториявӣ ба хаттоҳои ҷиддӣ роҳ дод, бад дид…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор