Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳар он чи ки «Ҷарроҳ» ба воситаи телефон ба самъи ў расонд, то ҳанўз ҳали пурраи ин муаммои сарбаста набуд. Чи хеле ки дар хабарнома омада буд, дар ҳақиқат дар бозўйи дасти чапи мақтул туморчае, ки аслан аз нуқра сохта шуда буд ёфт шуда будааст ва болои он бо ҳарфҳои хоно «Дуньё» навишта, аниқтараш кандакорӣ карда шуда.
Маҳз ҳамин туморча, ки дар баромади «Ҷарроҳ» ёдрас шудааст, вакилони «анҷуманро» ба ҷунбиш овардааст. Аз рўйи ҳамин нишона вакили дигари анҷуман Мухтор Мўъмин ба музокира баромада, фикри баромадкунандаи асосиро тақвият додааст…
– Чи гўям бародар,– ниҳоят овоз рўшан кард соҳибхона.
– Росташро гўед, чунки ростиро завол нест.
– Дирўз соатҳои 17 вақте ки ман аз кор ба хона омадам дар пеши ҳавлӣ додарарўсам Мухтори Мўъминро вохўрдам, ки нав аз манзили мо баромада, нияти ба хонааш рафтан дошт. Ў маро дида гуфт: – Амонулло хайрият худат омадӣ. Ман аз ин суханони сарбастаи Мухтор ба ягон чиз сарфаҳм нарафта, аз нав ўро ба хона таклиф намудам. Бар хилофи одати хеш (Мухтор ниҳоят якрав аст) додарарўсам сухани бандаро нашикаст ва аз роҳаш баргашт, ки ин тааҷҷуби бандаро нисбат ба ў бештар кард.
Вақте ки мо вориди меҳмонхона шудем, Мухтор бе ягон истиҳола гуфт, ки касе Абдуллои Хокироҳро ба қатл расонидааст.
Рости гап аз шунидани ин хабари нохуш ман лаҳзае худамро гум кардам ва аз додарарўсам хоҳиш намудам, ки воқеаи рухдодаро шарҳ диҳад.
Мухтор гуфт, ки тайи ду рўзи охир дар «анҷумани ҳизбиашон» иштирок намудааст ва маҳз дар «анҷуман» аз тамоми вакилон хоҳиш шудааст, ки дар муайян кардани шахсияти мақтуле, ки расмаш ба ҳозирин пешкаш карда мешавад, ёрӣ расонанд. Аз рўйи нақли Мухтор расмро қариб шинохта нашудааст ва ба ҷуз нишонаҳои зоҳирии мақтул (сару либос ва пойафзол) аз бозўи дасти чапи мақтул тўморчаи нуқрагине ёфт шудааст, ки дар он калимаи «Дуньё» кандакорӣ шуда. Агар ҳамон нишонаи тўморчаро ёдовар намешуд, ман ҳаргиз ба суханони Мухтор бовар намекардам.
– Магар Мухтор Абдуллои Хокироҳро мешинохтааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор