Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Парандагон ҳам бо чир – чири хеш ба Офаридгор хабар медиҳанд, ки онҳо мурда нестанд ва Офаридгор ризқу рўзиашонро ато кунад.
Ҳарчанд хоби субҳгоҳӣ ширин аст, вале Ҷамол Солеҳ суханони бобояшро ба ёд оварда, аз ҷой бархест. Ў рўй роҳ баромада ба автомашинаи роҳгузаре нишаста, ба ноҳияи ҳамсоя рафт то аз рўйи гуфти дўсти Юсуф Нор бо Амони Султон вохўрад.
Дар анҷумани даъватнамудаи Карими Лоиқ яке аз иштирокчиён бо маърўзаи калон дар ин бора баромад карда. кор кардани дигар иштирокчиёнро аз рўйи ин «рисола» пешгирӣ намудааст…
Дарро ба рўяш писарбачаи дувоздаҳ– сенздаҳсолаи лоғарандоме, ки сумкаи талбагӣ дар даст нияти ба мактаб рафтан дошт кушода, мақсаду маромашро ҳам напурсида аз рўйи одоби меҳмондорӣ ўро ба хона таклиф кард. Аслан, тоҷикон мардумонеанд, ки касе нисбат ба меҳмоннавозиашон носазо гуфта наметавонад. Соҳибхона Амонуллои Султон марди чил–чилу панҷсолаи қоматбаланди газгўште буда, нияти ба бозор рафтан доштааст. Аз рўйи гуфти худаш ў дар бозор ҷой худро доштааст ва бозор ягона воситаи рўзгузаронии ин оилаи сербача (ў ҳашт фарзанди хурдсол доштааст) буда, хонааш ҳам бозорро мемонд…
Соҳибхона меҳмонро ҳамроҳи писарбачааш дида, аз ҷой ба истиқболшаш бархест ва ўро ба меҳмонхона дароварда хайра мақдам гуфт…
Ҳанўз Ҷамол Солеҳ ба сари мақсад наомада, дар кушода шуду ҳамсари соҳибхона дастархон дар даст вориди меҳмонхона гашт ва ба нею нестони меҳмон нигоҳ накарда дастархон густурд. Меҳмон дигар баҳс накард, чунки ба хубӣ мефаҳмид ки мардуми деҳ ниҳоят меҳмоннавозанд ва оне ки аз меҳмон мепурсад, ки оё ў чой менўшад ё не аз кўчаи меҳмоннавозӣ нагузаштааст. Баъзеҳо ҳатто нўшидани як пиёла чойро ҳам чун гирифтани пора маънидод мекунанд, вале Ҷамол Солеҳ ҳеҷ гоҳ чунин фикрро ба гўшаи хотир ҳам наовардааст.
Сари як пиёла чой меҳмон мақсади ташрифашро баён намуда, ба рўйи мусоҳибаш нигарист, вале тағиротеро дар ҷабини соҳибхона надида, каме ҳам бошад умедашро аз ҳали муаммои сарбаста канд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор