Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов сари ин масъала хело андеша намуда, ниҳоят ба хулосае омад, ки ба ШКД–и ноҳияи Озодӣ занг зада, оид ба ин кор маълумоти бештаре ба даст оварад. Аз ин рў, ў гўшаки телефони дохилиро бардошта, аз навбатдори ШКД Вазиров хоҳиш намуд, ки ўро бо ШКД–и ноҳияи Озодӣ пайваст намоянд ва дигар интизори гуфтугў нашуда, гўшакро ба ҷояш гузошта ба мутоилаи дигар қоғазҳои қимматнок, ки лаҳзае пештар онҳоро аз котиботи ШКД гирифта буд, пардохт. Ҳанўз мутолиаи охирин қоғаз ба итмом нарасида буд, ки занги телефони дохилӣ садо дод. Ў гўшакро бардошт. Навбатдор хабар дод, ки ШКД–и ноҳияи Озодӣ дар алоқа аст. Абдумаҷидов бо навбатдори ШКД–и ноҳияи Озодӣ матлаби хешро изҳор намуда, хоҳиши бо корманде, ки ба хабарномааш аз 26–апрел ҷавоб навиштааст, гуфтугў намудан кард…
Абдумаҷидов аз гуфтугўйи телефонӣ бо ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ШКД–и ноҳияи Озодӣ Ҷамол Солеҳ як ҷаҳон таассурот бардошт. Охир кӣ дидааст ба хотири ҷавоб гуфтан ба хабарномаи ШКД–и ноҳияи дигар корманди милиса, ки имконияти пурра ва қонунии ҷавоби не гуфтанро дорад, чунин ҷонбозиҳо намояд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ў дар ин кор на саҳми хеш, балки саҳми собиқ корманди милиса Юсуф Норро, ки нисбаташ ҳақи устоди доштааст, ёдовар шуд. Агар чунин кормандони фидоии касби хеш мисли Ҷамол Солеҳ зиёдтар мебуданд, олам гулистон мешуд ва шояд кушодашавии ҷиноятҳои ноайён, аз навад фоиз кам намешуд.
Ҳарчанд Ҷамол Солеҳ гуфт, ки ҳамаи ин даву този ўро сабабе ҳаст, вале Абдумаҷидов аз ин суханони Ҷамол Солеҳ чизе нафаҳмид. Охир ў аз куҷо медонист, ки Ҷамол Солеҳ ба ў ба хотири эҳтиромаш ба забони модарӣ ёрӣ додан хостааст. Ў сари ин масъала хело андеша кард, вале ба хулосае омада натавонист. Суханони Ҷамол Солеҳ ҳам муаммо буданд ва ин муаммои ҳамкасбашро ў ҳамоно ба гўшаи фаромўшӣ дода, сари муаммое, ки тайи қариб ду ҳафтаи охир оромаш намегузошт ба андеша рафт. Қоғази сафедро рўйи миз гузошта, дар он чанд доирача кашид ва дар паҳлуйи ҳар як доирача назарияи алоҳидаро сабт намуд. Сипас, бо хатҳои рост баъди андешарониҳои зиёд баъзе аз доирачаҳоро бо дигараш пайваст намуд.
Дар натиҷа баъзан ду ва зиёда назарияҳои хурд як шуда, як назарияи пурраро ташкил намуданд, ки ин ҳолат боиси пайдошавии доирачаи калонтаре гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор