Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Рақами телефонатонро монда равед, агар имконият шуд ман фардо байни намози асру шом занг мезанам.
Ҷамол Солеҳ рақами телефонихеш ва расми мақтулро ба дасти Карими Лоиқ дода, бори дигар ўро ҳушдор сохт, ки аз бозўйи дасти чапи мақтул туморчаи нуқрагин бо навиштаҷоти «Дуньё» ёфт шудааст ва бо мўйсафед худоҳофизӣ кард.
… 21 …
Сухан дониста гўй, то дўстро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад.
ё
Шўхӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб.
ё
Ба таври замона бисоз, ки ҳарўза балост.
Субҳи рўзи 5–май вақте, ки Абдумаҷидов ба идора омад ва чун одати ҳаррўза аввал ба шуъбаи навбатдорӣ даромад, аз қошу қавоқи нишастагон барфу борон мерехт. Абдумаҷидов ҳатто сухане напурсида фаҳмид, ки дар идора ҳодисае рух додааст, ё чи хеле, ки тоҷикони навбаромад мегўянд, форс мажор шудааст. Ниҳоят ў худро ба даст гирифта пурсид:
– Тинҷӣ– мӣ?
– Тинҷӣ аз куҷо? – Имшаб ду нафар аз ИВС3 фирор кардаанд,– гуфт майори милиса Боев.
– Чӣ хел фирор?
– Фирор чӣ хел мешавад? Ҳамин хел одӣ, баромада гурехтанд.
– Навбатдори ИВС дар куҷо будааст?
– Бо дастони баста дар ИВС.
Занги телефон дохилӣ садо доду ёрдамчии навбатдор Саломов гўшакро бардошта:
– Ҳа, ҳамин ҷо, хуб шудааст,– гўён боз гўшакро ба ҷояш гузошта ба тарафи Абдумаҷидов нигариста гуфт:
– Рафиқ майор шуморо Наврўз Умар мепурсад.
Абдумаҷидов аз шўъбаи навбатдорӣ баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор