Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳамон вақт Юсуф Нор маро дастгир кард, вале аз чи бошад, ки саргузашти бандаро шунида ҳуҷҷатҳоро тавре тартиб дод, ки гўё ман худам ба милиса омада ба гуноҳам иқрор шудам. Маҳз ҳамин чиз маро аз ҳукми олӣ наҷот дод. Чунин мардон мисли Юсуф Нор ангуштшуморанд. Дигар кас мешуд барои унвону вазифа шуда, асло ба чунин кор розӣ намешуд. Ба ҳар ҳол умр, ки боқӣ будааст баромадам… Ним сол боз аз ҳавои озод нафас гирифта, берун аз хок гаштаам. Тайи ин ним соли дар озодӣ будан, корафтодае ба дарам ангушт назад…
Модоме, ки супориш нест, пул нест. Зиндагии бепул ба худатон маълум. Марди бепул чун гадост, на касе ба рафтораш нигоҳ мекунаду на касе ба гуфтораш гўш. Дигар чи илоҷ, додар, ҳамааш як косаи давр будааст. Афсўс, даври мо гузашт, акнун бели тезу хоки нарм…
Ҷамол Солеҳ ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки мўйсафед ин суханонро чун рамзӣ тавба ба забон овард ё ҳамин хел дар омади гап гуфт. Вале ў имконият ёфт, ки лаҳзае ба чашмони мусоҳибаш нигарад. Чашмони хунгирифтаи суп– сурхи мўйсафед худ гувоҳи он буданд, ки аз тавба дида ў ба нобаробариҳои кори хеш афсўс хурдааст…
– Юсуф Нор маро назди шумо фиристода гуфт, ки коре нест, ки аз уҳдааш набароед. Ҳарчанд шумо аъзои клуби ҳамадон нестед ва чи хеле худатон қайд кардед, сарварии ташкилотеро чун «Триада» ба дўш надоред, вале мақому мартабаи хешро дороед ва ман аминам, ки агар мўйлабатонро як ҷумбонед…
– Қарз бо баргардониданаш зебост. Модом, ки домулло бандаро аз ҳукми олӣ наҷот дод ва имрўз бо хоҳиш шуморо назди ман фиристодааст, то ҷон дар рамақ дорам мекўшам, ки дар кори шумо рўшанӣ андозам, то қарз ба қиёмат намонад.
Бояд гўям, ки ман танҳо дар муайян кардани шахсияти мақтул мекўшам. Ҳарчанд кафолати аниқи корро дода наметавонам.
Ба замми ин шумо на бояд аз ман номи қотилро пурсед. Агар муайян кардани шахсияти қотил ба ман муяссар шавад ҳам ман номи он касро ошкор нахоҳам кард. Агар ба ҳамин шарти ман розӣ бошед, метавонед расми мақтулро монда равед, вагарна ман дигар шуморо роҳ намегирам.
– Ман розӣ.

пешина
аз 558
навбатӣ