Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Бубин ба хотири пулу мол шуда, бо чӣ ҳила шавҳари он зани сарватмандро ки муштоқи ишқи ҷавоне гаштааст аз байн рабурдааст. Хайрият ҳамон мактуби беимзо сабаб шудаву ин худоношинос ҷазои хеш гирифта, вагарна боз ба сари мардум чӣ бадбахтиҳое меовард. Аз рўйи гуфти Юсуф Нор ў барои «ихтироъҳои барқиаш» се маротиба дарулахлоқро зиёрат намудааст. Албатта, ин танҳо ҳолатҳое ки гуноҳи ўро дайн намудаанд ва он гуноҳҳои собитнашудаашро кӣ медонад. Аз хуни мардуми бегуноҳ рехта чӣ дарёфтааст? Шояд ин манзили нимвайрона ҳам кулбаи худаш набошад. Сарашро мебураду пояшро не. Ин саг – сарбора. Хуни мардуми бегуноҳ бирезу сагро парастиш кун. Хоҷаи сагпараст нашуда мурда раве…
Агар бо роҳи каҷ намерафт, шояд имрўз мисли дигар мўйсафедони ҳамсинну солаш дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати шоҳона меронд. Ба масҷид рафта бо Оллоҳ таоло рози хеш мегуфт, вале акнун рози хеш бо саг мегўяд ва рафиқу муниси вай ҳам ба ҷуз саг касе нест. Дар лаҳзаи охирин хаёташ ў ба ёрии одамон муҳтоҷ мешавад, агар ўро марги одамӣ дар пешонааш навишта шуда бошад. Чаро ин қадар бо ин расм зеҳн мондааст ва ё ўро мешиносад? Ҳеҷ мумкин нест, ки ў бо мақтуле ки расмашро аз ноҳияи Гулистон фиристодаанд шинос бошад. Сода будаӣ чаро мумкин набудааст? Охир вай худаш гуфт ку: – Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз…»
– Не, намешиносам,– гуфтани соҳибхона Ҷамол Солеҳро аз банди андешаҳо берун овард.
– Ман бошам…
– Шумо бошед ҳамроҳи домулло Юсуф Нор гумон кардед, ки ман аъзои клуби ҳамадонам ва ё сарварии «Триада»2 –ро ба дўш дорам. Фаъолияти кории банда ба он тақозо мекард, ки аъзои ягон клуб ва ё ташкилот набошам. Аскари танҳо будам дар майдони набард ва акнун ҳам танҳоям. Мисли оне ки Зорге дар Япония буд. Ихтисоси банда ниҳоят мушкил буд ва ба замми ин ба он эҳтиёткорона мебоист рафтор кард, чунки бо як хатто ҳам худ ва ҳам супоришдиҳандаро ба зери бало гузоштан мумкин буд… Намедонам домулло ба шумо гуфт ё не бори охир банда аз рўйи ишқи зане ба даст афтодам. Албатта, худи ҳамон зан маро фурухт. Гумон дошт, ки беҷазо мемонад, вале қонун қонун аст ва ҳар кӣ дар он киштаи хеш медаравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор