Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соҳибхона меҳмонро таклифи ба курсӣ нишастан кард ва худ амонат лаби кати оҳанин нишаста меҳмонро бори дигар хайра мақдам гуфта «қадам расид бало нарасад» гўён даст ба рўй кашида омин гуфт. Ҷамол Солеҳ ҳам чун одати шарқиён дар қатори соҳибхона омин гуфта даст ба рўй кашид.
– Шояд як чой монам?– пурсид соҳибхона нияти аз ҷой бархестан намуда.
– Ташаккур лозим нест, ман нав чой нўшида омадам,– соҳибхонаро аз райъаш баргардониданӣ шуда гуфт Ҷамол Солеҳ.
– О, ин чӣ хел мешавад?
– Нағз мешавад, насиб бошад ягон рўз ҳамроҳи устод Юсуф Нор меҳмонатон мешавем.
– Юсуф Нор аслан ба маънои томаш мард аст, ҳарчанд ў маро ба муддати дувоздаҳ сол ба маҳбас фиристод, аммо аз ў хафа нестам. Шояд дар ин бора ба шумо нақл карда бошад?
– Не, ба ман дар бораи шумо ягон чиз нагуфт, фақат маро ба назди шумо фиристода хоҳиш кард, ки дар коре ба мо дасти ёрӣ дароз кунед.
– Хуш, чӣ кор будааст?
Ҷамол Солеҳ мақсади ташрифашро гуфта дод.
Карими Лоиқ меҳмонро бо диққат гўш карда, сипас аз дасти ў расмро гирифта, айнакашро ба чашм гузошта, ба он хело нигоҳ карда, ба андеша фурў рафт…
Чун соҳибхона сари андешаҳои хеш дода шуд Ҷамол Солеҳ бори дигар кулбаи фақиронаи ҷарроҳро аз назар гузаронида, лаҳзае ба тарафи соҳибхона нигарист, то ба чашмони ин марде, ки шояд хуни даҳҳо бегуноҳонро рехтааст, назар афканад. Вале ҳайҳот ин чиз ба ў муяссар нагашт, чунки мўйсафед айнак дар чашм ба расми дар дасташ буда нигоҳ мекард ва лаҳзае меҳмонро ба гўшаи фаромўшӣ дода буд.
Ҷамол Солеҳ ба андоми ў назаркунон аз дил газаронд:
«Чунин шахсон мисли Карими Лоиқ ҳамеша бозичаи дасти дигарон буданд. Онҳо аслан ғуломи нафсанд ва ҳеҷ гоҳ нафси хешро кушта наметавонанд.

Нафси бадро ҳар чӣ сераш мекунад,
Дар гуноҳ кардан далераш мекунад…

пешина
аз 558
навбатӣ