Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Дар бораи Воҳид Камол илтимос гап байни худамон монад.
– Метавонед осуда бошед.
– Аминам…
... 20 …
Баробари пахш кардани тугмачаи болои дар баробари садо додани зангўла овози саг ҳам баланд шуд. Ҳарчанд зангўла хомўш шуда бошад ҳам саг ҳамоно аз будани хеш дарак додан мехост.
Ҷамол Солеҳ андаке интизор шуда, боз нияти даст ба тугмачаи занг бурдан дошт, ки аз дохили бино шарфаи омадани пой ба гўшаш расиду аз райъаш гашт. Ниҳоят дар кушода шуду Ҷамол Солеҳ дар рў ба рўяш мўйсафеди шаступанҷ ҳафтодсолаеро дида, баъди салому алейк гуфт, ки аз назди Юсуф Нор омадааст.
– Милисаам гўй.
– Ҳа, милисаам, вале шумо инро чӣ хел фаҳмидед?
– Магар нашунидаӣ, ки гуфтаанд:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабўтар бо кабутар боз бо боз.
– Марҳамат, ба хона гузаред,– гуфт соҳибхона ва Ҷамол Солеҳ вориди хона гашт. Саги калони бадҳайбат ба тарафи соҳибаш дум ликонида гуфтан мехост, ки рухсат деҳ ин мардеро ки хоби туро нороҳат намудааст, пора – пора намоям. Мўйсафед аз нигоҳи саг мақсадашро фаҳмид магар ки гуфт:
– Байкал, ба ҷоят гузар, мефаҳмӣ ин кас меҳмон аст охир.
Саг гўё фаҳмид, ки зуд ба паси дар рафта дароз кашид ва сарашро болои дастонаш монд.
Аз ҷиҳоз ва мебели дар хона буда, ба хулосае омадан мумкин буд, ки тайи солҳои охир касе дар ин ҷо ҷунбиши гаҳвораро надида ва гиряи тифлро нашунидааст. Мўйсафед ҳам шояд дар ин хона мусофир буд ва ба қавле парвои фалак надошт.
Агар ў одами таҳҷойӣ мебуд, кайҳо дар фикри таъмири хона меафтид, чунки хона ба таври таъҷилӣ таъмирталаб буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор