Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз ҳодисаи рухдода аллакай хабар дорӣ,– баробари вориди утоқи сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ шудан пурсид Наврўз Умар.
– В обших чертах.
– Набошад гузашта шин то ман шуморо ба рафти воқеҳо дурустар шинос намоям.
Абдумаҷидов ба курсие нишаста ба нақли сардори бахш гўш дод.
… Шаби гузашта соати 2335 дақиқа навбатдори ШКД майори милиса Замиров рафти хизматро дар ИВС санҷида, ба бинои асосӣ омадааст. Тахминан даҳ понздаҳ дақиқа пас аз санҷиши навбатдор ёрдамчии навбатдори ИВС милитсионери қаторӣ Ғуломов аз навбатдори ИВС сержанти милиса Ғаниев хоҳиш намудааст, ки то соати 04 субҳ ўро ҷавоб диҳад, чунки падараш бемори сахт аст. Сержант Ғаниев бе огоҳ намудани навбатдори ШКД Ғуломовро ҷавоб додааст. Тахминан баъди ним соат рафтани Ғуломов аз камераи сеюм Ҷангиев Хоркаш оҳувоҳкунон ба худ печида, болои фарш афтидааст. Бар хилофи фармон ва дастурҳо Ғаниев дари камераро кушода, вориди камера гаштааст то ба Ҷангиев ёрӣ расонад… Ҷангиев, ки номзад ба устоди спорти СССР оид ба гўштини тарзи озод буд, дар як мижа задан Ғаниевро аз пой афтонида, яроқашро соҳиб шуда дари камераро аз берун ба рўяш маҳкам намудааст. Сипас, аз камераи якум Сой Валентинро озод намуда, бе ягон мамониат аз ИВС бадар рафтанд. Соати 0410 дақиқа Ғуломов аз хона баргашта, аз болои девори бетонӣ вориди ҳавлӣ шудааст ва аз ҳодиса дарак ёфтааст. Шояд аввал бо ҳам маслиҳат намудани шуда роҳи ҳали аз ин варта баромаданро ҷустанд, вале ба хулосаи аниқ омада натавонистанд. Соати 422 дақиқа ки аллакай рўзи сафед шуда буд, навбатдор аз нав вориди ИВС гашта, аз воқеа огоҳ гардидааст. Соати 0426 дақиқа бонги хатар эълон карда шуд. Тамоми ҳайати навбатдори ШКД соати 0515 дақиқа иваз карда шуд… Ҳарчанд ба ҷойи зисти шумо занг задем, касе ҷавоб надод.
– Як ҳафта боз телефон кор намекунад.
– Ҳамаи ҳайати шахсӣ аз рўйи нақшаи амалиётӣ «Перехвать» сафарбар шудаанд. Шумо ҳам метавонед дигар корҳоятонро каме ба таъхир андозед.
– Албатта.

пешина
аз 558
навбатӣ