Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳеҷ гоҳ ман бо шахсе, ки милисаро ба бекорагӣ муттаҳам мекунад муросо намекунам»…
Танҳо дар нимаи дуюми рўз Абдумаҷидов имконият ёфта, сари қадам ба прокуратура даромад. Дар долонҳои прокуратура қариб пашша пар намезад. Агар рафту пашшае ҳам пар мезад шояд болу параш мерехт. Охир назорати ҳама ба дўши ҳамин идораи муътабар гузошта шуда ва пашша ҳам, албатта, аз ин бохабар буд.
Сиддиқов сари мошинкаи чопӣ нишаста, чизе менавишт ва баробари ба утоқи кориаш даромадани Абдумаҷидов аз ҷой бархоста, меҳмонро хайра мақдам гуфта, дар курсие рў ба рўяш нишаста, аз чойники дар як гўшаи миз истода як пиёла чой рехта наздаш гузошта гуфт:
– Бисёр камнамо шуда рафтед, рафиқ майор? Дирўз занг задам набудед.
– Дирўз бо супориши Наврўз Умар аз пайи дигар кор рафта будам.
– Шумо ҳамроҳи Наврўз Умар аз пайи дигар кор шаведу мо дар бало монда.
– Албатта, моро ҳам ба бекорӣ муттаҳам кардан аз рўйи инсоф нест, охир мо ҳам нисбат ба ҳамаи он парвандаҳои ҷустуҷўйе, ки аз рўйи он на танҳо шумо муфаттишони прокуратура, балки худи муфаттишони милиса ҳам тафтишот бурда истодаанд, кор карда истодаем. Масъалаи парвандаи шумо мегуфтагӣ ҳам аз мадди назарамон дур нест. Ба қавле онро дар намак нахобонидаем. Рўзе на камтар аз ду– се маротиба маҳз барои ҳамин парвандаи мегуфтагиатон назди роҳбарият сурху сафед шуда гаштем…
– Ҳар кас ки милисаро ба бекорагӣ муттаҳам карданӣ мешавад, ў худ муттаҳам аст. Оё масали Крилов «Ду кўзаро»–ро нахондаед?
– Дар ҳамон солҳои талабагӣ хонда будем!
– Мазмунашро аз ёд набаровардаед?
– Ба фикрам не.
– Садои кўзаи холӣ баландтар аст, онҳое ки гуноҳи дигаронро мебинанду аз худро не мисли ҳамон кўзаҳои холианд.
– Хайр ба ман чӣ гуфтание доштед?

пешина
аз 558
навбатӣ