Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дирўз шеф дар маҷлиси мушовараи прокуратураи шаҳрӣ будааст. Ба фикрам он ҷо каме ҳам бошад сарашро «сила»
намуданд.
– Акнун фаҳмидам.
– Садқаи ақли фаҳм шавам.
–Банда дар айни вақт на ба дарди худат ва на ба дарди шефат даво шуда наметавонам.
– Наход корҳо то ба ин дараҷа дўлоб бошанд?
– Ҳар он чи ки аз дасти мо меомад, иҷро намудем ва аз аксари шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба хабарномаҳои хеш ҷавоб гирифтем. То кунун ягон натиҷае нест. Дар ин муддат касе ҳам оид ба гум шудани хешу ақрабояш ба милиса ариза надодааст.
– Шояд дар ягон ноҳияи дигар ариза дохил шуда бошад чӣ?
– Ин ғайриимкон аст, чунки дар кадом гўшаи ҷумҳурӣ ҳам ариза дохил шавад, аз ду сар аз рўйи ҳисоботи мутамарказ мегузарад. Дар он сурат худи вазорат ҳамин масъаларо мебардорад.
– Афсўс ки нақши ангуштонаш ҳам натиҷае надод.
– То ҳанўз мо аз се ноҳияи дигар ба хабарномаҳо ҷавоб нагирифтем. Дирўз аз ноҳияи Озодӣ занг зада, нишонаҳои махсуси мақтулро пурсидаанд.
– Охир вай ягон нишонаи махсус надошт. Ба фикрам Акбари Диловар ўро муоинаи дуруст кард.
– Албатта муоинаи дуруст кард. Охир ҳодиса ду ҳафта пеш рух додагӣ буд, дигар нишона аз куҷо мемонад?
– Шояд худи мо дар рафти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ба хатогӣе роҳ додем?
– Ба гумон аст.
– Милиса ҳоло ҳам дар атрофи ҳамон назарияхои аввала кор бурда истодааст.
– Аслан, куштор ба мақсади роҳзанӣ ҳамчун назарияи асосӣ боқӣ мондааст. Охир мо шахсияти мақтулро муайян накарда, назарияи мазкурро соқит карда наметавонем. Ҳамчунин, назарияҳои иловагӣ низ пайдо шуданд, ки дар атрофи онҳо низ кор бурда истодаем.
– Кадом назарияҳо?
– Якум мақтул шояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Дуюм мақтул дар солҳои ҷанги бародаркуш шомили ягон гурўҳи силоҳбадаст будааст ва акнун касе бо ў ҳисобашро баробар кардааст.

пешина
аз 558
навбатӣ