Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Бинобар ин ҳарчи тезтар аз утоқи кории муовини сардор баромадан мехост, ки дуюмбора рухсатӣ рафтан пурсид.
– Намепурсӣ, ки Собир Ғайбуллоевич чаро худатро пурсидааст.
– Шояд ҳамин хел дар омади гап гуфтагист, ки Абдумаҷидов кор намекунад.
– Хатто мекунӣ, баръакс раис аз худат розист.
– Чи хел розист, ки се – чор рўз пеш қариб милисаро барои кор накардан гунаҳкор кард.
– Нисбати худат ягон гап гуфт? Ман шахсан нашунидам.
– Нисбати ман мегуфт беҳтар буд аз он, ки ҳамаи милисаро ба бекорагӣ муттаҳам кардан хост.
– Сиёсати давлатдорӣ ҳамин аст, мо ки қадри хеш нашинохтем, раис чи кор кунад, охир ў намояндаи президент дар маҳал аст.
– Хоҳ намояндаи ташкилоти давлатҳои муттаҳида бошад.
– Ҳар чи ҳам бошад вай роҳбар аст, масъулияти ба дўш доштаи ўро намегўӣ, агар вақт ёфтӣ як ба наздашон рав.
– Рафта чӣ гўям.
– Гўед, ки шуморо ман фиристодам.
– Ба гумон аст, ки раис бо ин қадар масъулияти дар дўш дошта, вақт ёфта маро қабул кунад.
– Аввал рав, пас мефаҳмӣ, ки раис чи гуна марди хоксор аст.
– Ваъда намедиҳам, агар имконият шуд меравам.
– Рафтан лозим то ба кай ҳамин хел ялоқ–ялоқ мегардӣ. Бо чунин савод агар дигар кас мешуд кайҳо полковник шуда буд…
– Акнун рафиқ подполковник рухсат диҳед равам, ки боз Сиддиқов занг зада аз болоям шикоят накунад.
– Майлаш рав ва ба назди раис рафтанро ҳам фаромўш накун,– гўён Фарҳод Азамат бо Абдумаҷидов худоҳофизӣ кард.
«Ба фикрам сар шуд,– аз дил гузаронд Абдумаҷидов аз дар баромада истода. Ҳа, ҳисоббаробаркунӣ бо Воҳид Камол сар шуд. Фарҳод Азамат ҳарчанд боре ҳам номи Воҳид Камолро ба забон нагирифт, вале миссияи хешро ба қавле иҷро кард. Коркарди материал (кормандони милиса) акнун ба худи раис вобаста аст. Тавба ба ҷуз ман боз киро ба назди раис мефиристода бошад. Тушбераро хом шумурдаӣ бало ба паси худату ҳам раисат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор