Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ман фикру ақидаамро ягон бор ба гардани шумо бор кардам?
– То кунун– ку бор накардаед, вале фикри шумо дар ҳама ҳолат нисбат ба фикри мо бандаҳои осӣ бояд як зина боло бошад.
– Рафтори шумо ҳикмати Андрей Петрович Гриневро мемонад.
– Бори аввал мешунавам ин номро.
– Ин аслан аз персонажҳои «Духтари капитан».
– Шунидам, вале афсўс нахондаам ин асарро.
– Ана ҳамин Андрей Петрович аслан писарашро чунин насиҳат мекардааст: «сардоронро гўш кун, аз қафои меҳрубониашон надав, ба хизмат ҳамеша ҳозир буданатро зоҳир насоз, аз хизмат ҳам саркашӣ накун»1.
– Ба фикрам аз рўйи мантиқ ба рафтори ман баробар нест.
Охир банда ҳамеша ба «меҳрубониҳои шумо ниёз дорам».
– Хоксорӣ накунед рафиқ майор, шумо ба ҳеҷ чиз ниёз надоред.
– Ташаккур, модоме ки фикри шумо чунин бошад.
– Ин танҳо фикри ман не, фикри ҳамаи коллектив аст ва агар ниёз ба чизе медоштед чун бархе аз ҳамкорон хабаркашӣ Фарҳод Азамату Воҳид Камол мешудед. Акнун равед.
– Хайрият меомадед, гуфт Фарҳод Азамат. Дирўз аз ноҳияи Озодӣ занг зада нишонаҳои махсуси мақтули аз соҳили дарёи Сароб ёфтшударо пурсиданд. Ман гуфтам, ки мақтул ягон нишонаи махсус надошт, ё нодуруст гуфтам?
– Ҳамааш дуруст рафиқ подполковник.
– Барои ҳамин шуморо ҷеғ задам, гуфтам мабодо…
– Афсўс ки мақтул ягон нишонаи махсус надошт, шояд дошта бошад, вале аз рўйи хулосаи экспертизаи тибби судӣ муайян кардани ягон нишона имконият надод.
– Рухсат диҳед равам.
– Ба ягон ҷо шитоб дорӣ?
– Ба прокуратура рафтанам лозим дирўз Сиддиқов занг зада маро пурсида буд.
– Дирўз раиси ноҳия ҳам худатро пурсид.
Абдумаҷидов фаҳмид, ки даъвати ў ба назди муовини сардор зери коса нимкосае дорад, вагарна Фарҳод Азамат барои кадом як занги телефон шуда, ўро ҷустуҷў намекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор