Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Оча ман гапи шуморо гўш накардам, ҳамин хел вақте вориди хона шудам гапи шуморо шунидам.
– Барои ҳамин хоб намешавӣ?
– Ҳа.
– Чаро?
– Мехоҳам ин хушхабарро ба дадаҷонам расонам.
– Рафту дадаҷонат донад чӣ?
– Не, намедонад.
– Аз куҷо гирифтӣ, ки дадаҷонат намедонад.
– Чи хел аз куҷо аз куҷо? О маро ҷону ҷигар, нури басар, қандалот, мармалод мегўиву хушхабарро аз ман пештар ба дадаҷонам мегўӣ. Пас канӣ дўстдории шумо оча? Охир ман бояд ака шавам на дадаҷонам. Акнун бигў ки дадаҷонам медонад ё не?
– Не намедонад. Акнун хоб шав.
– Хобам намебарад.
– Хайр агар худат хоб наравӣ, маро ба ҳоли худ мон, ки хобам барад.
– Пас афсона чӣ мешавад?
– Буд набуд…
– Оча.
– Лаббай.
– Ман аслан додарак мехоҳам, чун додари Насиба.
– Рафту хоҳарча бароят биёрам чӣ?
– Не, ба ман додарак лозим, ман аллакай ба ў ном ёфтам.
– Чӣ хел ном?
– Абдумаҷид.
– О, ин номи бобоят– ку? Ё дар дунё каҳтии ном омадааст.
– Ҳамин ном ба ман маъқул, чунки Абдумаҷид бисёр бачаи нағз. Охир ў низ додарчаи хурдиашро Далер ном мондааст– ку ва ман аз ў қарздорам. Ба ў ваъда додам, ки агар додарча ёбам номашро Абдумаҷид мемонам.
– Майлаш акнун хоб рав, хобҳои хуш бинӣ. Бечора кўдак бубин чашмаш дар роҳи падар, барои гуфтани як сухан хобро ҳам фаромўш кардааст.
Интизориҳои Далерро дида Наталья Василевна интизории аввалини хешро, дар он шаби соли нав ба ёд овард ва вақте ки садои занги дар баланд шуду бо супориши модар барои кушодани дар рафта дар рў ба рўяш Акбарро дид, лаҳзае аз хурсандӣ лол монд ва вақте ки модар аз ошхона пурсид, ки кист ў нохост ҷавоб дод, ки гург омад…

пешина
аз 558
навбатӣ