Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Не, албатта, писару духтарчаҳо бояд якҷоя ба мактаб раванд ва ҳар кӣ мактабро дўст медорад, аз дарсҳо қафо намемонад ба маънои том ў мард аст.
– Охир дирўз Насиба ҳам ба мактаб нарафта буд– ку?
– Аз куҷо гирифтӣ, ки Насиба дирўз ба мактаб нарафта буд?
– Насиба– ку дар басти якум мехонад, вале дирўз ба ҷойи ба мактаб рафтан ҳамроҳи модарашу додарчааш Беҳруз ба хонаи мо омада буд. Пас ў чи хел дар як вақт ҳам ба мактаб мерафтаасту ҳам ба хонаи мо меомадааст?
– Ҳар кас дар зиндагӣ бояд кулоҳи худро бардорад, ба кулоҳи дигарон корат набошад, фаҳмо!
– Фаҳмо. Агар дадҷонам ояд ман фардо ба мактаб меравам.
– Агар наояд чӣ?
– Ба мактаб намеравам. Ман бояд дадаҷонамро бинам.
– Имшаб наомад, шаби дигар меомадагист.
– Шаби дигар, шаби дигар… о дурўз шуд, ки дадаҷонам намеояд. Ман ҳам мехоҳам, ки мисли Абдумаҷид бо ҳамроҳи дадаҷонам ба сайри боғ равам.
– Меравӣ, акнун хоб шав бачам.
– Хобам намебарад.
– Шояд ягон ҷоят дард мекунад.
– Не, ман сиҳат.
– Чашмонатро пўш ман ба ту афсона мегўям.
– Кадом афсонаро.
– Афсонаи «Шоҳзода Иван ва гург»–ро.
– Не, беҳтараш ба ман афсонаи «Бузаки ҷингилапо» ро гўй.
– Майлаш чашмонатро пўш. – Буд набуд…
– Оча.
– Боз чи чаро афсона буридӣ?
– Ҳамон гапҳое, ки ба холаи Саодат гуфтӣ, ростанд?
– Кадом гапҳо?
– О, гуфтӣ– ку, ба наздикӣ Далер ҳам ака мешавад.
– Ба ту ку нагуфтам. Боз ин гапро аз куҷо гирифтӣ?
– Дирўз вақте ки ман аз мактаб баргаштам, худат Беҳрузҷонро ба даст гирифта ҳамроҳи модараш гап мезадӣ– ку.
– Гўш кардани гап аз паси дар хуб не, чанд бор туро насиҳат кардам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор