Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нохост дар кушода шуду Гург вориди хона гашт. Ҳарчанд Наталя Василевна аз омадани Гург– шавҳар бохабар гашт, вале ба хотири оне ки Далер бедор нашавад хомўширо алво дониста аз бистар нахест…
Лаҳзае пас дари хонаи хоб кушода шуду ҳамсараш вориди хонаи хоб гашт ва дар ҳамин лаҳза яку якбора Далер аз ҷойгаҳи хобаш ҷаҳида худро ба оғўши падар андохт ва оҳиста ба гўшаш чизе гуфт.
– Наход.
– Ана ҳамин хел дадаҷон ,– гўён Далер аз оғўши падар фаромада тугмачаи барқро пахш кард. Хона дар як лаҳза аз оғўши зулмот берун шуд. Хурсандии Далерро ҳаду канор набуд. Падару модар дар чеҳраи нахустфарзанд он қадар шодию фараҳро мушоҳида карданд, ки тамоми хастагӣ ва бехобии хешро ба гўшаи фармўшӣ доданд.
– Оча!
– Ҷони оча.
– Ман фардо ба мактаб меравам,– гўён Далер худро ба бистар партофт ва хоҳиш кард, ки модар давоми афсонаро гўяд.
– Буд набуд…
… 18 …

Қариб ним соат ҳайати шахсӣ дар толори маҷлисгоҳ омадани сардорро интизор шуданд. Мегўянд, ки шутур каҷии хешро намебинад, вагарна ҳамон лаҳза ҷон ба ҷонофарин месупорад. Рўзӣ Олим низ баробари вориди толори маҷлисгоҳ шудан бо қошу қавоқи гирифта, борони маломотро ба сари нишастагон рехт. Бинанда гумон мекард, ки дар ШКД–и ноҳияи Озодӣ ба ҷуз ҳамин марди сарсупурдаи миллат дигар касе дар фикри обрў ва эътибори милиса нест. Маҷлис қариб ду соат давом кард ва ба қавле ягон масъалаи муҳимро ҳал накард. Ҳамин хел худнамоиву гапфурўшӣ…
Ҷамол Солеҳ бо қошу қавоқи гирифта, аз маҷлисгоҳ берун шуд, ҳар чанд касе номи ўро дар маҷлис ба забон нагирифт.
Устодаш Юсуф Нор, ки соате пештар барои маслиҳат ба айёдаташ рафтанӣ буд, ҳамеша таъқид мекард, ки биҳишт хуб аст агар ба он ҷо роҳ ёбӣ ва агар наёбӣ дузах ҳам бад нест ва Худо нигоҳ дорад аз он нафарони дар аъроф монда.

пешина
аз 558
навбатӣ